Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телефони мобилӣ ҷойгузини соати дастӣ?


Аксари ҷавонон бар чунин назаранд, ки телефони мобилӣ дар ҷомеаи муосир ба пуррагӣ соати дастиро иваз кардааст.

Онҳо андеша доранд, ки соати дастӣ хоси калонсолон буда, барои ҷавонон як чизи зиёдатӣ ва нозебанда ба шумор меравад.

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ҶОЙГУЗИНИ СОАТИ ДАСТӢ

Баҳриддин ном ҷавон мегӯяд, даҳсолае пеш бастани соат барои ҷавонон расм ва нишони маданияти баланд буд. Аммо дар замони муосир аксари ҷавонон телефони мобилӣ доранд, ки ҳоҷат ба соатбандӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, телефони мобилӣ нақши соати дастиро низ мебозад, аз ин рӯ нафаре, ки чунин телефон дорад, дигар ниёзе ба доштани соат надорад: “Ҳозир замони технологияи муосир аст, ки ҳоҷат ба баъзе чизҳо нест. Масалан ҳамин телефони мобилӣ чанд ашёи дигарро аз миён хоҳад бурд. Ба монанди соату фанарик ва дигар ашёҳое, ки мо ба онҳо ниёз доштем. Бастани соат ҳам фикр мекунам як амали зиёдатӣ аст”.

СОАТИ ДАСТӢ - НИШОНАИ МАДАНИЯТИ БАЛАНД?

Аммо Сайёра Шарифова, як ҷавони дигар ба гуфтаҳои боло розӣ нест. Вай мегӯяд, бастани соати дастӣ аз масъулиятшиносии инсон дарак медиҳад. Ба гуфтаи ин хонум, ҷавононе, ки соати дастиро истифода мебаранд, ҷаҳонбинӣ ва маданияти баланд доранд. Ӯ афзуд: “Бастани соати дастӣ аз одобу ахлоқи баланд ва донишу фаҳмиши васеи ҳамон соатбанд гувоҳӣ медиҳад. Яъне, ҳар як шахс ё ҳар як ҷавоне, ки соат мебандад, худро ба кори ҳаррӯзае, ки мекунад, масъул медонад.”

Ба қавли Хуҷамурод Қуддусӣ, як тан аз коршиносони чавон, соату соатбандӣ ба худ таърих ва санъати хоса дошта, пешрафти технологияи муосир садди роҳи вай шуда наметавонд. Аз тарафи дигар ҷаҳонбинии аксари ҷавонон оид ба соатбандӣ бениҳоят танг аст ва эшон, ки дар ҳеҷ куҷое кор намекунанд, фаҳмидани вақт барои онҳо муҳим нест. Вай мегӯяд: “Бисёре аз ҷавонон мутаассифона фарҳанги соату соатбандиро намедонанд. Ва вақт ҳам барои эшон муҳим нест, чунки дар ҳеҷ куҷо кор намекунанд. Барои ҳамин фикри онҳо дар мавриди канор гузоштани фарҳанги соатбандӣ бо сабаби рушди технология муосир хатои маҳз аст.”

СОАТИ ДАСТӢ- РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ


Аммо соати дастӣ барои бархе насли калонсол нишони рамзи меҳру муҳаббат будааст. Гулрухсор ном зан мегӯяд, 30 сол пеш дар тӯи арусӣ шавҳараш ба ӯ соат тӯҳфа намуда буд. Ва аз он замон то имрӯз боре ин соат аз кор намондааст. Хонум Гулрухсор мегӯяд, гардиши ақрабаки соати дастиаш нишоне аз рӯзгори пурэҳсосу пурташвиши ӯ будааст: “Ҳар вақте ки ба соатам назар мекунам, ҳамон давраи ҷавонӣ ва хонаободиам ба хотир меояд. Гӯё, ки сӣ сол пеш дирӯзакак буд. Ҳеҷ кас гумон намекунад, ки рӯзгори пур аз меҳру муҳаббати ману шавҳарамро сония ба сония ва дақиқа ба дақиқа ин соат шумурдааст”.

БОЗОРИ КАСОДИ СОАТИ ДАСТӢ

Карим, фурӯшандаи соатҳои дастӣ мегӯяд, соати дастӣ миёни ҷавонон харидори кам дорад. Ба гуфтаи ӯ, гоҳ-гоҳ ҷавонондухтарон соат мехаранду халос. Карим мегӯяд, имрӯз бозори соатфӯрушӣ он қадар гарм нест: “Дар замони ҳозира ё фарҳанги соатбандӣ аз байн рафтааст ё фаҳмидани вақт барои мардум он қадар муҳим нест, зеро соатхарӣ миёни мардум хеле кам аст. Аз саҳар то бегоҳӣ дар ҳамин дӯкон ҳастем. Ягон вақт ҳамин духтарон омада соат мехаранду халос. Соатхарии писарон он қадар мушоҳида намешавад.”

Ин дар ҳолест, ки соҳибназарон низ мегӯянд, пешрафти илму техника омили камрангии соатбандӣ дар миёни ҷавонон шуда ва завқи онҳоро ба технологияи муосир бештар кардааст.

Аммо ба таъкиди ин коршиносон, шояд дар бештари деҳот мушкилоти молӣ монеъи соатбандӣ дар миёни ҷавонон шуда бошад. Зеро набуди ҷои кор ва шуғли муносиб рӯи масоили маишӣ ва иҷтимоии ҷавонон асари амиқ гузоштааст.

Навиштаи Рустами Набот
XS
SM
MD
LG