Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 фармондеҳи аввали артиши Туркия истеъфо доданд


Генерал Исик Косанер
Генерал Исик Косанер
Фармондеҳони артиши Туркия ба далели танишҳо бо ҳукумати рӯ ба Исломи ин кишвар истеъфо додаанд. Фармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Туркия Ишиқ Кошанер рӯзи ҷумъа ҳамроҳ бо фармондеҳони нирӯҳои хушкигарду баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар ҳама ба истеъфо рафтанд. Аз генерал Кошанер нақли қавл шуда, ки ӯ ба нишони эътироз ба додгоҳҳои мутааддиди афсарони низомӣ тарки мақом мекунад. Дафтари сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар як баёния бидуни овардани далоил фақат бо таъйиди хабари мустаъфӣ шудани 4 фармондеҳ иктифо кардааст. Феълан ҳудуди 250 низомӣ бо иттиҳоми тавтиъа алайҳи давлати Эрдуғон дар боздошт қарор доранд, ки мояи афзоиши танишҳо байни давлат ва низомиён шудааст.
XS
SM
MD
LG