Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани тоҷик - дар даври ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон


Муштзани ҷавони тоҷик Асрор Воҳидов ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон роҳ ёфт. Ин мусобиқот бо ширкати 48 кишвар дар Остонаи Қазоқистон идома дорад ва муштзани тоҷик дар вазни 48 кило дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон бо Владислав Красношеин аз Русия сабқат хоҳад кард. Аз 26 нафаре, ки ба даври ниҳоии ин мусобиқот роҳ ёфтаанд, 5 нафар аз Русия, 3 тан аз Узбакистон, 2-нафарӣ аз Қазоқистону Туркия буда, 14 кишвари дигар, бо шумули Тоҷикистонро дар ин даври ниҳоӣ якнафарӣ намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG