Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австрия генерал Дивякро ба Белград надод


Истиқбол аз генерал Дивяк дар Сараево
Истиқбол аз генерал Дивяк дар Сараево
Фармондеҳи собиқи нирӯҳои Босния Йован Дивяк дар пайи аз сӯи Австрия радд шудани дархости истирдоди ӯ ба Сербистон ба Сараево омад. Генерал Дивяк, ки худ сербтабор буд, дар солҳои ҷанги Босния( 1992-1995) ба нирӯҳои мусалмонони Босния фармондеҳӣ мекард, ки алайҳи сербҳо меҷангиданд. Йован Дивяки 74-сола дар Босния қаҳрамони миллӣ шинохта мешавад, вале аз ҷумлаи чанд мақоми собиқи Босния аст, ки Сербистон бо иттиҳоми даст доштан ба ҳамла ба корвони нирӯҳои артиши Югославияи собиқ таъқибаш мекард. Ӯ ҳанӯз рӯзи 3 март дар Австрия боздошт шуда, дирӯз раҳо ёфт.
XS
SM
MD
LG