Пайвандҳои дастрасӣ

Ду кушта дар ҳамлаҳои мусаллаҳона ба Оқтеппа


Дирӯз бар асари тирандозӣ ва таркиш дар шаҳри Оқтеппа, дар шимолуғарби Қазоқистон, ду нафар кушта шуданд. Мақомоти вазорати умури дохилаи Қазоқистон гуфтаанд, мусаллаҳони ношинос ба як гурӯҳи ходимони пулис дар канори Оқтеппа ҳамла бурда, як пулисро куштаанд. Бар асари таркиши бомб аз сӯи ҳамлагарон як манзил тахриб шуда, ва як нафари дигар, ки ҳуввияташ ҳанӯз ташхис нашудааст, ҷон бохт. Дар ин инфиҷор як тани дигар захмӣ шудааст.
Рӯзи 1 июл дар вилояти Оқтеппа зимни як амалиёт ду маъмури пулис кушта шуда буд. Қабл аз он дар ҳошияи идороти амниятии Оқтеппа ду инфиҷори дигар рух дода буд.
XS
SM
MD
LG