Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси Шӯрои амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи ҷумъа бо қабули як қарор, Шӯрои амнияти озуқавориро таъсис дод.

Раёсати ин Шӯрои навтаъсисро нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бар дӯш гирифтааст.

Бино ба иттилои Дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, вазирони молия ва иқтисоди кишвар низ аъзои ин Шӯро мебошанд.

ВАЗИФАИ АСЛИИ ИН ШӮРО ЧИСТ?

Сардори раёсати сиёсати иқтисодии вазорати кишоварзии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қодиров гуфт, ки ин ниҳоди амниятӣ дар бахши танзиму роҳандозии масоили озуқа нақши ҷиддӣ дошта бо пеш омадани масъала дар ин бахш, стратегияи амалкарди вазоратхонаҳову дигар ниҳодҳои масъулро мушаххас хоҳад кард то ин, ки аз ҳар мушкили пешомада ҷилавгирӣ карда шавад: «Ҳар кишвари ҷаҳон дар назди худ Шӯрои амнияти озуқаворӣ дорад. Ҳамоҳангсозии ниҳодҳои дигари масъули кишвар дар сурати пеш омадани мушкили амнияти озуқаворӣ дар кишвар яке аз вазифаҳои аслии ин Шӯро ба шумор меояд. Дар сурати пеш омадани хушксолӣ ё обхезиву дигар ҳодисаҳое, ки ба амнияти озуқаворӣ таҳдид мекунад, ин шӯро роҳҳои берунрафт аз масъаларо мушаххас мекунад. Агар яке аз вазифаҳои стротегии Тоҷикисон таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва берунрафт аз маҳдудаи комуникатсионӣ бошад, вазифаи дигари мо таъмини ҳамаҷонибаи амнияти озуқаворӣ дар кишвар мебошад. Аз ин рӯ вазифаи ин ниҳод бисёр муҳим ва ҳаётӣ мебошад.»

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим


Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2010 Қонуни амнияти озуқавориро ба тасвиб расонид ва таъсиси Шӯрои амнияти озуқаворӣ дар заминаи ҳамин санад сурат гирифтааст.

Амнияти озуқаворӣ, яъне вазъи иқтисодии давлатро нишон дода онро муваззаф мекунад, ки аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ, бехатарии озуқавории аҳолиро таъмин намуда зиндагии солиму фаъоли умуми аҳолии кишварро кафолат диҳад.

Дигар аз нуктаи ин Қонун мегӯяд, давлат муваззаф аст, ки меъёрҳои муносиби истеъмоли озуқа ва истеъмоли хӯрданиҳои пурғизо ва нерӯбахшро барои сокинон фароҳам орад.

Ба қавли мутахассисони соҳаи иқтисоди кишвар, агар аз ин дидгоҳ ба вазъи амнияти озуқаи Тоҷикистон нигоҳ кунем, ин кишвар дар сатҳи поёнтарин амнияти озуқаворӣ қарор дошта ва аз кишварҳои осебпазиртарини ҷаҳон ба шумор меояд.

БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ-ҲАМА ЧИЗ АЗ БЕРУН

Дар бозрасиҳои созмонҳои ҷаҳонии иқтисодӣ дар масъалаи вазъи амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои ҷаҳон, Тоҷикистон ҳамеша дар хати поёнтарини сутуни нишондиҳандаҳо қарор дорад.

Ба назари таҳлилгари масоили иқтисодӣ Давлатмурод Ҷумъаев, бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон тақрибан аз маводи мавриди ниёзи аввалияи мардум холӣ ҳастанд. «Бубинед равғанро аз Украина, Эрону Русия ворид мекунанд, шакар аз берун ворид карда мешавад , гӯшт ҳам бисёр кам аст, чой аз хориҷ бо нархи гарон ворид карда мешавад, ба ғайра аз тарбузу харбузу камтар сабзию картошка он ҳам дар тобистон, дигар тамоми анвои мавриди ниёзи аввалия аз хориҷ ворид карда мешавад. Назорат дар бозори истеъмолӣ аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ аслан вуҷуд надорад. Аз ин рӯ вазъи амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон ба ягон талабот ҷавобгӯ нест.»

АҲАМИЯТИ ТАЪСИСИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Ҳоло мутахассисони соҳаи иқтисодии кишвар таъсиси Шӯрои амнияти озуқаворӣ ҷиҳати танзими вазъи амнияти озуқа дар кишварро зоҳиран муҳим мешуморанд.

Иқтисоддонҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳоло Тоҷикистон ба як доктринаи амнияти озуқа ниёз дорад, ки вазъи амнияти иқтисодӣ, махсусан тавоноии бозорҳои истеъмолии дохили кишвар бо маводи дохилӣ ва захираҳои давлатӣ оид ба маводи мавриди ниёзи аввалияи мардумро мушаххасан барои ҷомеаи кишвар нишон диҳад.

Давлатмурод Ҷумъаев таъкид мекунад, ки дар сурати бештар ворид шудани маводи истеъмолӣ аз хориҷ, ин фазои амнияти истеъмолиро ҳамеша дар ҳоли хатар қарор медиҳад.
XS
SM
MD
LG