Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Полша барои суқути ҳавопаймо истеъфо дод


Богдан Клич истеъфо дод
Богдан Клич истеъфо дод
Кумиссиюни ҳукуматии Полша мегӯяд, барои суқути ҳавопаймои раиси ҷумҳури Полша дар соли 2010 ва куштори 95 нафар дар он қисман Русия гунаҳгор аст. Дар гузорише, ки имрӯз ба нашр расидааст, гуфта мешавад, ки сардаргумии халабонони ҳавопаймо сабаби аслии ин фоҷеа будааст, вале таҷҳизоти кӯҳна дар фурудгоҳи шаҳри Смоленск сабаби дигари ба фоҷеа дучор шудани президент Лех Качинский дониста мешавад. Йержӣ Миллер-вазири дохилаи Полша ҳангоми муаррефии ин гузориш гуфт:

“Идораи парвоз дар чунин шароити обу ҳаво ҳамкории ду тарафро мехоҳад, яъне ҳамкории халабонони ҳавопаймо, идораи обу ҳавошиносӣ ва нозирони хатҳои парвози фурудгоҳ, ки ин ҷо Смоленски шимолӣ дар назар аст”.

10 апрели соли 2010 дар ин ҳодиса раиси ҷумҳур бо хонумаш Мария ва даҳҳо нафари дигар аз мақомоти аршади низомию ҳукуматии Полша кушта шуданд. Ҳавопаймо вориди абри ғализ ва дучори фоҷеа шуда буд.
XS
SM
MD
LG