Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи ША СММ барои Косово паси дарҳои баста гузашт


Шӯрои Амнияти СММ роҷеъ ба хушунатҳои ахир дар Косово ҷаласаи машваратӣ баргузор кард. Шоми панҷшанбе кишварҳои узви Шӯрои Амният вазъи пешомадаро паси дарҳои баста баррасӣ ва дархости Сербистонро роҷеъ ба баррасиҳои ошкор рад карданд. Вук Йеремич-вазири корҳои хориҷаи Сербистон, ки барои ширкат дар ин ҷаласа ба Нию Йорк рафтааст, аз чунин кори Шӯрои Амният интиқод кард. Дар ҳамин ҳол, нируҳои НАТО назорат бар ду гузаргоҳро дар марзи миёни Косово ва шимоли Сербистон бар ӯҳда гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG