Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фармондеҳи кушташудаи шӯришиён бо Қаззофӣ иртибот дошт?


Абдулфаттоҳ Юнус

Абдулфаттоҳ Юнус

Имрӯз садҳо нафар дар маросими дафни Абдулфаттоҳ Юнус-фармондеҳи артиши шӯришиёни Либия дар Бенғозӣ-маркази Шӯрои Миллии Гузори Либия ширкат карданд. Сабабҳои куштори Абдулфаттоҳ то ҳол мармуз боқӣ мондааст. Мустафо Абдулҷалил-раҳбари Шӯрои Миллии Гузори Либия гуфт, Абдулфаттоҳ барои посух ба суолҳо дар бораи амалиёти низомӣ даъват шуда буд, вале як ҷо бо ду тан аз ёронаш қабл аз оғози пурсиш ҳадафи тир қарор гирифтаанд:

“Мо бо таассуф хабари марги Абдулфаттоҳ Юнус-раиси ситоди умумии артиши шӯришиёнро эълон мекунем. Ҳамкорони вай сарҳанг Муҳаммад Хамис ва капитан Носир Нафкот ҳам кушта шудаанд”.

Афсарони амнияти нируҳои шӯришӣ қаблан гуфта буданд, ки Юнусро барои робитаи эҳтимолиаш бо Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия боздошт кардаанд ва имкон дорад вай дар зиндон кушта шуда бошад. Абдулфаттоҳ Юнус вазири пешини корҳои дохилаи кобинаи Муаммар Қаззофӣ буд, ки моҳи феврал дар оғози муборизаҳои зидди режими Қаззофӣ ба шӯришиён пайваст.
XS
SM
MD
LG