Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Украина дар ҳодисаи ду кони ангишт 17 кас кушта шуд


Вазорати умури изтирории Украина мегӯяд, имрӯз дар ду ҳодисаи алоҳида дар конҳои ангишт 17 нафар кушта шудаанд. Дар кони Луганск 16 нафар кушта, 2 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. 10 коргари дигар то ҳол бедарак мебошанд. Дуруст баъд аз чанд соати ҳодисаи Луганск дар кони Бажана дар шарқи Донетск елеватор канда шуд ва ба поин афтод. Як нафар кушта, 8 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳоло дар ҷаҳон конҳои ангишти Украина хатарноктарин конҳо ба шумор мераванд, зеро таҷҳизоташон кӯҳна шудааст.
XS
SM
MD
LG