Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Афғонистон мегӯяд, дар вилояти Ҳилманд ҳангоми ҳаракат дар роҳ як микроавтобус ба мина бархӯрда таркидааст. Дар ин таркиш 18 нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта шудаанд. Ин микроавтобус бо мусофирон аз вулусволии Наҳри Сараҷ ба самти Лашкаргоҳ-маркази вилояти Ҳилманд ҳаракат мекардааст. Бино ба маълумоти СММ, аз аввали соли ҷорӣ дар Афғонистон дар чунин инфиҷорҳо 440 нафар кушта шудаанд. Дар маҷмӯъ аз аввали сол то ҳол дар Афғонистон 1462 шаҳрванд дар даргириҳо ва инфиҷорҳо ба қатлъ расидаанд.
XS
SM
MD
LG