Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

25-уми июл дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлини Олмон муаррифии нахустин фарҳанг ё луғати бузурги олмонӣ-тоҷикӣ баргузор гардид.

То ҳол барои омӯзиши забони олмонӣ дар Тоҷикистон аз луғатҳои русиву олмонӣ истифода мекарданд. Ин луғат дар Тоҷикистон ба нашр расид ва аз ҳоло дар ихтиёри корбарон қарор дорад. Ҳоло забони олмонӣ дар Тоҷикистон баъд аз забони инглисӣ, албатта ба ҷуз аз забони русӣ, дар миёни забонҳои хориҷӣ мақоми дуввумро ишғол мекунад.

Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ба маросими муаррифии китоб донишмандони олмонӣ, шахсиятҳоеро аз намояндагиҳои кишварҳои ҳамзабон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Олмон даъват кард. Дар як гуфтугӯ бо мо, Имомуддин Сатторов-сафири Тоҷикистон дар Олмон, ки ин маросимро ифтитоҳ кард дар бораи ин маросим чунин тавзеҳот дод:

Имомуддин Сатторов: Дар пешорӯи 20-умин солгарди ҷашни истиқлоли Тоҷикистон сафорат гузаронидани якчанд чорабиниҳои фарҳангӣ ва илмиро ба нақша гирифтааст, ки ҳадаф аз онҳо муаррифии арзишҳои фарҳангиву таърихии мардуми тоҷик ва дастовардҳои кишварамон дар тӯли 20 соли истиқлолият, дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва рушди муносибатҳои судманд бо Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо мебошад. Ин гуна чорабиниҳо бо иштироки фаъоли доираҳои алоқаманди сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва пажӯҳишгарони Олмон баргузор мешавад ва ҳамзамон барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Олмону Тоҷикистон имкониятҳои зиёд фароҳам меорад.

Суол: Ба маросими муаррифии китоб сафорати Тоҷикистон дар Берлин киҳоро даъват карда буд?

Имомуддин Сатторов: Аслан намояндагони ҳукумату идораҳои расмии Олмонро даъват кардем. Намояндагони вазорати корҳои хориҷаи
Олмон, доираҳои сисёсию иҷтимоии Олмон, донишҷӯён, ҳамватанон ва форсизабонони муқими Олмон ширкат варзиданд ва дар ҳузури онҳо нахустин фарҳанги мукаммали олмонӣ-тоҷикӣ муаррифӣ карда шуд, ки
Имомуддин Сатторов

он натиҷаи заҳмати чандинсолаи олимони Тоҷикистону Олмон мебошад. Дар ин кор саҳми устодони донишгоҳи Ҳумболдти Берлин, махсусан устод Лутз Жеҳак ва устодони донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон бузург аст. Ин ҳамкорӣ 15 сол давом кардааст.

Суол: Шумо ёдоварӣ кардед, ки ин кор дар чаҳорчӯбаи тадбирҳои 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баргузор шудааст. Чунин тадбири фарҳангӣ дар ҳамин шабонарӯзҳо чӣ аҳамият дорад?

Имомуддин Сатторов: Солҳои ахир таваҷҷуҳи олмониҳо ва донишҷӯёни олмонӣ ба омӯзиши забону фарҳанги тоҷикӣ афзудааст. Ҳамзамон табодули донишмандону донишҷӯён дар доираи қарордодҳои дуҷониба оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамасола бо стипендияҳои ҳукумати Олмон ва музофотҳои федеролии ин кишвар шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои олии ин кишвар вориди таҳсил мешаванд. Олимону донишҷӯёни олмонӣ низ давраҳои таҳсил ва пажӯҳишҳои худро дар донишгоҳҳои Тоҷикистон бо муваффақият анҷом медиҳанд.


Тақвияти робитаҳои башарӣ бо Олмон яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳамкориҳои ҳамаҷониба аст ва дар густариши муносиботи Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сисёсиву иқтисодӣ низ таъсири хуб мерасонад. Албатта рамзӣ аст, ки чопи ҳамин китоб заҳмати олимони Тоҷикистону Олмон ба 20 солагии ҷашни истиқлоли Тоҷикистон рост омад ва мо кӯшиш кардем, ки ҳамин китобро ба олмониҳо муаррифӣ кунем, то онҳо тавонанд бештар забони тоҷикиро биомӯзанд ва ин яке аз қадамҳои аввалинест, ки мо, яъне ҳам ҳукумати Олмон ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон дар ин соҳа гузоштем.

Суол: Ҷаноби сафир, оё дар оянда ҳамин гуна барномаҳо идома хоҳанд ёфт? Масалан, дар чаҳочӯбаи чунин ҳамкориҳо китобҳои дарсӣ ҳам чоп мешаванд ва сафорати Тоҷикистон дар Олмон ин корҳоро ташвиқ мекунад, то донишмандони тоҷику олмониро барои ин кор сари ҳам орад?

Имомуддин Сатторов: Солҳои ахир як силсила китобҳо чоп шуданд, масалан, грамматикаи забони тоҷикӣ барои олмониҳо аз тарафи донишмандони донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва ҷаноби Лутз Жеҳак бо кафедрае, ки дар донишгоҳи Ҳумболдт ҳастанд, дар ин кор саҳми хеле зиёд мегузоранд. Донишҷӯёни олмонӣ, ки мехоҳанд забони тоҷикиро омӯзанд, беш аз пеш зиёд мешаванд. Мо мебинем, ки барои омӯхтани забони форси-тоҷикӣ олмониҳо дар баробари ин ки ба Эрону Афғонистон сафар мекунанд, ҳоло бештар ба Тоҷикистон сафар мекунанд ва дар Тоҷикистон онҳо забони форсиро меомӯзанд. Сафорат ба қадри имконоти худ бояд ҳамин гуна чорабиниҳоро зиёдтар

гузаронад, то олмониҳое, ки ба Тоҷикистон ҳусни таваҷҷуҳ доранд, сиёсатшиносон, забоншиносон ё дигар шахсоне, ки ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд тавонанд, ки маълумоти бештар ба даст оранд. Бубинед, ки танҳо як профессори донишгоҳи Ҳумболдт ҷаноби Манфред Лоренс чӣ қадр хидматҳо кардааст барои муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Олмон, барои омӯзиши забони тоҷикӣ дар Олмон. Лутз Жеҳак яке аз шогирдони Манфред Лоренс аст. Лутз Жеҳак ҳам шогирдони зиёди олмонӣ дорад ва онҳо пуле ҳастанд байни муносиботи фарҳангии Тоҷикистону Олмон.

ОЛМОНИЕ, КИ МИСЛИ ТОҶИКОН ТОҶИКӢ СӮҲБАТ МЕКУНАД

Муаллифи луғати олмонӣ-тоҷикӣ Лутз Жиҳак-доктор ва устоди донишгоҳи Ҳумболдти Олмон як ҷо бо забоншиносони тоҷик дар ин луғат ба ҷуз аз 60 000 вожаву ибора дар бораи корбурди он ва вижагиҳои забонии сарфу наҳви тоҷикӣ низ ба корбарон маълумоти арзишманд пешниҳод кардаанд.

Лутз Жиҳак аз шогирдони Манфред Лоренс аст, ки борҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст ва бо доираҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистон ошност. Вай барои муаррифии тоҷикон дар Олмон ва умуман шарқшиносони ҷаҳон хидматҳои басазо кардааст. Ҳоло вай ин корро бо шогирдаш Лутз Жиҳак якҷо бар ӯҳда доранд. Дар як гуфтугӯ доктор Жиҳак бо забони равону шевои тоҷикӣ дар бораи луғти олмони-тоҷикӣ ба мо чунин гуфт:

Лутз Жеҳак: Ин луғат тақрибан 15 сол дар ҳамкории донишмандони Тоҷикистону Германия таҳия шуд ва таърихи ин луғат ҳатто ба гузаштаҳо мерасад. Чун дар замони Шӯравӣ забони русӣ ҳукмронӣ кардааст, дар тамоми қаламрави Шӯравӣ ин ҳукмронии забони русӣ то дараҷае расида буд, ки тадриси ҳамаи забонҳои хориҷӣ бояд аз тариқи забони русӣ сурат мегирифт. Дар замони шӯравӣ ҳатто луғат ё фарҳангҳои
Лутз Жеҳак, устоди донишгоҳи Ҳумболдти Берлин

забони хориҷӣ, ки масалан, олмонӣ ва тоҷикӣ бошад, наметавонистанд чоп шаванд. Аммо ин ба чунин маъно нест, ки чунин луғатҳо таҳия намешуданд. Яке аз луғатҳои забонҳои хориҷӣ, ки забони тоҷикиро дар бар мегирад, аз тарафи Раҳим Мунзимович Бурҳонов навушта шуда буд. Вай дар айёми ҷавонии худ, чун писари Мунзим буд, дар як ҳайате аз тарафи Ҷумҳурии Халқии Бухоро ба Германия омада буд. Чун бисёр ҷавон буд, бо осонӣ забони олмониро ёд гирифт. Баъд ба Тоҷикистон баргашт ва дар он ҷо дар солҳои 60-70 асри гузашта як дастнависи луғати немисӣ-тоҷикиро таҳия кард, ки муттаасссифона дар замони Шӯравӣ натавонист чоп шавад.

Суол: Оё мешавад гуфт, ҳамин луғате, ки Бурҳонов таҳия кард ва ба чоп нарасид, ҳамчун нахустин сарчашма истифода шуда бошад.

Лутз Жеҳак: Луғати Бурҳонов тақрибан 10 000 калима дошт, ки ба истлоҳ “карманный словарь” буд, яъне луғати ҷайбӣ. Баъд аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, яке аз кормандони донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонум Барно Арипова ба ман муроҷиат кард ва гуфт, ки мо як луғути дастнавис дорем, шумо онро бубинед, ки оё меарзад, ки он чоп шавад ё чоп нашавад. Худи Бурҳонов 20 сол пеш вафот карда буд.

Суол: Ҷаноби доктор, оё ҳамин луғате, ки Бурҳонов таҳия карда буд, ба шароити имрӯз ҳам мутобиқ аст ё камбудиҳо низ дорад?

Лутз Жеҳак: Бурҳонов худаш дар ҷавонӣ забони олмониро ёд гирифта буд, ки он дар солҳои 20-уми қарни 20-ум буд, яъне 90 сол қабл. Баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ Бурҳонов дигар ба Германия наомада буд. Яъне забоне, ки Бурҳонов дар ин луғат нишон медиҳад, забони қадимии олмонӣ буд ва албатта, забони имрӯзии олмонӣ дигар шудааст. Аз ҷиҳати дигар, забони тоҷикӣ ҳам дигар шудааст.


Суол: Фарҳанг ё луғате, ки шумо таҳия кардаед, чӣ фарқ дорад? Оё пешрафти ҳам забони немисӣ ё олмонӣ ва ҳам забони тоҷикӣ дар шароити имрӯзро дар бар гирифтааст.

Лутз Жеҳак: Мо вақте, ки сари ин дастнавис кор кардем, ду тасмим гирифтем. Аз як ҷиҳат мо гуфтем, ки ҳаҷми луғат бояд калонтар шавад, чаро? Чун охирин луғати русиву тоҷикӣ 50 сол пеш аз чоп баромада буд. Ҳоло луғати мо тақрибан 60 000 калима ва ибора дорад, дар сурате, ки дастнависи Бурҳонов фақат 10 000 калима ва ибора дошт. Ҳаҷми онро калон кардем, аз тарафи дигар мо забони имрӯзаро дар назар гирифтем. Ҳам барои забони олмонӣ ва ҳам барои забони тоҷикӣ, махсусан барои забони тоҷикӣ вазифа он қадар осон набуд. Чун забони тоҷикӣ забоне дар ҳолати рушду тағирёбӣ буд ва имрӯз ҳам тағирёбӣ идома дорад. Шумо аз ман беҳтар медонед, ки дар 20 соли ахир калимаҳо ва ибораҳои зиёд аз забони форсии Эрон, аз дарии Афғонистон ба рӯзномаҳо ва телевизиону радиои Тоҷикистон дохил шуд. Аз онҳо як теъдодашон қабул шуд, як теъдодашон қабул нашуд. Мо маҷбур будем, ки инро ҳам дар назар гирем. Аз ин ҷиҳат мо барои таснифи ин луғатнома ба институти забону адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон муроҷиат кардем.

Суол: Аз доираҳои луғутшиносӣ ҳам дар Олмон ва ҳам дар Тоҷикистон бо шумо кадом донишмандон ҳамкорӣ карданд?

Лутз Жеҳак: Мо як гурӯҳи корӣ доштем, ки иборат буд аз ду нафар аз донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Хайрулло Сайфуллоев ва Нафасшо Собиров, ду нафар аз кафедраи Осиёи Марказии донишгоҳи Ҳумболдти шаҳри Берлин, ки инҳо хонум Арипова ва худи ман ҳастем. Аҳмадҷон Сангинов аз институти забон ва адабиёт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG