Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 28-уми июл бозиҳои ҷавобии даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 баргузор шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода аз тими миллии Сурия бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд.

Раҷа Рофеъ, ҳамлагари меҳмонон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаҳои 6-ум ва 35-ум ду бор дарвозабони тими Тоҷикистон Алишер Тӯйчиевро маҷбур кард, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад.

Голи севуми меҳмононро Надим Сабоҳ дар дақиқаи 53-юм ба самар расонд. Фаррух Чориев, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 87-ум, пас аз зарбаи Ҷорҷ Мурод, тӯбро ба дарвозаи дастааш зад.

Бозии аввал низ 23-юми июл дар Урдун бо пирӯзии суриягиҳо бо ҳисоби 2:1 хотима ёфта буд. Мунтахаби Сурия ба даври севум роҳ ёфт, вале дастаи Тоҷикистон аз ин ҳуқуқ маҳрум гашт.

Дар нишасти матбуотӣ, ки баъди анҷоми ин бозӣ баргузор шуд, Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби
Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Тоҷикистон, гуфт: “Голи фаврии рақиб моро шикаст. Сурия аз ҳама ҷиҳат, ҳам аз лиҳози техникӣ ва суръати бозӣ, аз мо боло буд. Мунтахаби мо хеле суст бозӣ кард ва бозии ба худ хосро нишон дода натавонист.”

Пӯлод Қодиров ба саволи “Оё истеъфо медиҳад?”, посух дод, ки “агар роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳисоб кунад, ки ман аз ӯҳдаи иҷрои вазифаам набаромадам, ман омодаам аз вазифаам даст кашам.”

Низор Маҳрӯз, сармураббии тими миллии Сурия, афзуд: “Мо интизор набудем, ки бар дастаи Тоҷикистон ба осонӣ ғалаба ба даст меорем, бар илова чунин натиҷаи бузургро чашмдор ҳам набудем. Шогирдони ман имрӯз хеле хуб бозӣ карданд, онҳо дастури мураббиро ба ҷо оварданд. Голи фаврӣ зада, мо то ҳуштаки ниҳоӣ бозии худро хуб идома додем.”

Ба ғайр аз бозии Тоҷикистон ва Сурия дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар қораи Осиё 28-уми июл 14 бозии дигари ҷавобӣ бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: Фаластин – Тайланд – 2:2, Бангладеш – Лубнон – 2:0, Лаос – Чин – 1:6, Индонезия - Туркманистон – 4:3, Филиппин – Кувайт – 1:2, Мянмар – Умон – 0:2, Ҳонконг - Арабистони Саудӣ – 0:5, Ҷазоири Молдив – Эрон – 0:1, Вйетнам – Қатар – 2:1, Яман – Ироқ – 0:0, Малайзия – Сингапур – 1:1, Қирғизистон – Узбакистон – 0:3, Ҳиндустон – АМА - 2:2, Непал – Урдун – 1:1.

Ба ин тартиб аз рӯи натоиҷи ду бозӣ ба ғайр аз Сурия боз дастаҳои мунтахаби Умон, Урдун, Индонезия, Узбакистон, Чин, Кувайт, Лубнон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Сингапур, Аморати Муттаҳидаи Араб, Тайланд, Эрон ва Ироқ ба даври севуми сабқати нитихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 роҳ ёфтанд.

15 дастаи ғолиби даври дуввум ба панҷ дастае, ки рейтинги баландтарин дорад (Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Кореяи Шимолӣ ва Баҳрайн) ҳамроҳ мешавад.

Ба ин тартиб 20 даста бар асоси қуръакашӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим мегардад. Дар даври саввум бозиҳои гурӯҳӣ аз 2-юми сентябри соли 2011-ум то 29-уми феврали соли 2012-ум баргузор хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG