Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷ кишвари ҳошияи дарёи Хазар қудрати низомии худ дар ин дарё ва атрофи онро тақвият мебахшанд.

Аввали ҳамин моҳ намояндагони Русия, Эрон, Қазоқистон, Туркманистону Озарбойҷон дар Маскав ҷамъ омада доир ба тақсими захираҳои табии дарёи Хазар гуфтӯгу карданд. Дар ин нишаст ҳамаи кишварҳо ба майли худ ба ҳамкориҳо ва тақвияти субот дар ҳошияи Баҳри Хазар таъкид варзиданд.

ТАФОВУТ АЗ ГУФТАҲО ТО ВОҚЕИЯТҲО

Аммо гуфтаҳо дигар асту воқеъият дигар. Моҳи май Владимир Висотский, фармондеҳи кулли нерӯҳои дарёии Русия гуфт, то соли 2020 ба Сипоҳи Дарёи Хазар, ки ҳоло 148 киштии ҷангӣ дорад, 16 нови ҷангии нав изофа хоҳад шуд, ки дутои онҳо нови мушакандоз аст. Ин қасди Русия намунаи дигаре аз мусаллаҳшавии кишварҳои ҳошияи Дарёи Хазар аст.

Барои тақсими қаламрави ин баҳр, ки бино ба ҳисобҳо 3 триллион тонна нафту газ дорад, кишварҳои соҳилии он

баъди суқути шӯравӣ то кунун ба мувофиқа нарасидаанд. Бистунӯҳумин нишасти гурӯҳи кории Дарёи Хазар, ки дар Маскав баргузор шуд, нишон дод, ки бо вуҷуди 20 соли гуфтӯгуҳо, кишварҳои минтақа ба ҳалли масъала чандон наздик нашудаанд. Ин аст, ки баъзе аз кишварҳои минтақа, роҳи ҳалли масъала ба нафъи худро дар тақвияти қудрати низомиашон медонанд.

РАҚОБАТИ КИШВАРҲОИ ҲОШИЯИ ДАРЁИ ХАЗАР

Эрон, ки баъди Русия нерӯмандтарин қудрати ҳошияи Баҳри Хазар аст, дар инҷо 90 нови ҷангӣ дорад ва мехоҳад 70 нови дигар ба ин сипоҳ изофа кунад. Эрон мегӯяд, қаламрави Баҳри Хазар бояд баробар байни панҷ кишвар тақсим карда шавад, аммо кишварҳои дигари ҳошияи баҳр назарҳои дигар доранд.

Қазоқистони сарватманд аз нафту газ низ айни замон талош дорад, нерӯҳои баҳрии худро тақвият кунад ва дар шаҳри бандарии Актау, як пойгоҳи ҳавоии нав сохтааст. Озарбойҷон кишвари дигари соҳилӣ низ бо истифода аз муносиботи

наздикаш бо Туркия ва Амрико сипоҳи баҳриашро дар Хазар тақвият додааст. Озарбойҷон аз шӯравии собиқ ҳашт нови ҷангӣ мерос гирифта буд, вале бо кӯмаки Туркия ва Амрико ҳоло сипоҳи баҳриашро мусаллаҳу муҷаҳҳазтар кардааст.

Туркманистон, ки ҳузури низомии чандоне дар Баҳри Хазар надорад, мисли Озарбойҷон бо истифода аз муносиботи хуб бо Туркия нерӯҳои баҳриашро тақвият мекунад. Туркия барои Туркманистон ду қаиқи зудҳаракати назоратӣ месозад ва раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов эълом кард, ки ба зудӣ Академияи нерӯҳои баҳрӣ таъсис дода мешавад. Рақобат барои баҳри Хазар аз он хотир зиёд аст, ки аз 2 то 6 дар сади захираҳои нафт ва аз 6 то 10 дар сади гази ҷаҳон дар зери бистари дарёи Хазар нуҳуфтааст.

РАҚОБАТИ САХТИ ЭРОНУ РУСИЯ

Дар ин миён рақобати Русияву Эрон сахт аст, агарчӣ ду кишвар аз “муносиботи хоси стротежӣ” сӯҳбат мекунанд. Владимир Евсеев, мудири Маркази пажӯҳишҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Маскав дар ин бора мегӯяд: “Русия нигарон аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯшиш дорад, то ҳузури

низомиашро дар Баҳри Хазар тақвият бахшад ва зоҳиран яке аз омилҳои асосии саъйи Русия барои мусаллаҳшавӣ ҳамин аст. Русия бар хилофи майли худ ба ин сабқати таслиҳотӣ кашида шудааст, ки метавонад дар ягон давра ба ҷанг расонад. “

Аммо Стивен Бланк, профессори масоили амнияти миллӣ дар Коллеҷи низомии артиши Амрико мегӯяд, Русия худаш мехоҳад, бо тақвияти қудрати низомӣ дар ҳавзаи Баҳри Хазар, хостаҳои худро ба кишварҳои дигар таҳмил кунад: “Русия мехоҳад, нерӯи баҳрии қавитарин дар Хазарро дошта бошад ва дар сурати зарурат, хостаи худро ба ҳар кас бор кунад ва ё худро сипаре барои кишварҳои пасошӯравӣ нишон диҳад. “

ДУРНАМОИ ҲАМКОРИИ КИШВАРҲОИ ПАНҶГОНА

Вале айни замон аломатҳои ташвиқкунандае ҳам ба назар мерасад. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 21-уми июл созишномаи амниятӣ байни кишварҳои ҳошияи Баҳри Хазарро барои тасвиб ба парлумон фиристод. Созишномаи ҳамкориҳои амниятӣ Русия ва дигар кишварҳои ҳошияи баҳрро муваззаф мекунад, то дар масоили амниятӣ дар ин дарё ва таҳдидҳои байналмилалӣ ба мисли терроризм ва ҷинояткории созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳамкорӣ кунанд.

Ин созишномаро раисони ҷумҳури панҷ кишвари минтақа моҳи ноябри соли гузашта имзо карданд ва қарор аст, ҳамин раҳбарон то охири соли оянда дигарбора гирди ҳам оянд. Бо назардошти ҳамоишҳои гузашта, шояд сӯҳбатҳои нишасти оянда ҳам доир ба зарурати сулҳу субот дар ҳошияи Баҳри Хазар шавад. Аммо бояд дид, то куҷо ин кишварҳо метавонанд, гуфтаҳои худро ба воқеъият табдил диҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG