Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки афроди кушташуда дар минтақаи Шӯроободи марзи Тоҷикистону Афғонистон қочоқбар буданд.

Икром Зоиров, кафили додситони низомии минтақаи Кӯлоб дар шарҳи ҳалокати 8 афғон дар як даргирии рӯзи 23-юми июл дар минтақаи Шӯроободи марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфт, ин афрод бидуни иҷоза аз марз убур карда, бо худ силоҳу маводи мухаддир доштанд.

Оқои Зоиров афзуд, даргирӣ вақте рух дод, ки марзшиканон дар посух ба талоши тафтиши асноди онҳо оташ кушодаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбеи 28-уми июл, хабаргузории афғонии «Пажвок» аз қавли вакили собиқи парлумони Афғонистон аз вилояти Самангон хабар дода буд, ки кушташудаҳо як гурӯҳи сайёҳон аз ин вилоят будаанд.

Вазири хориҷаи Афғонистон Залмай Расул ҳам, ки дар Душанбе ба сар мебарад, рӯзи панҷшанбе гуфт, аз мақомоти Тоҷикистон дар бораи қазияи кушта шудани 8 афғон дар минтақаи марзии Шӯрообод тавзеҳи бештар хостааст.

Бино ба гузориши ИТАР-ТАСС, ин даргирӣ ҳанӯз рӯзи 23-юми июл сурат гирифта, ба далели идомаи амалиёт хабараш танҳо рӯзи 28-уми июл нашр шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG