Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари пешини Тунисро дар ғайбаш маҳкум карданд


Додгоҳи Тунис раисиҷумҳури пешин Зайнулобиддин бин Алӣ ва домоди ӯро барои ришвату фасод ба 16 солии маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Додгоҳ ҳамчунин духтари сарвари пешини кишвар Насринро ба ҳашт сол маҳкум намуд ва ба маблағи 50 миллион динор ҷарима баст.

Мурофиаи додгоҳӣ дар ғайби маҳкумшавандаҳо гузашт.

Бин Алӣ моҳи январ бар асари тазоҳуроти мардумӣ аз мақом барканор шуд ва ҳоло бо аҳли хонаводааш дар Арабистони Саудӣ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG