Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар баъзе мавзеъҳои Тоҷикистон борон меборад


Ба иттилоъи марказҳои ҳавошиносӣ, имрӯз шояд дар шаҳри Душанбе борон борад, ҳаво аз 27 то 34 дараҷа гарм мешавад.

Осмони шаҳри Хуҷанд софу беғубор аст, ҳарорати ҳаво аз 28 то 33 дараҷаи болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво чун рӯзҳои пешин тафсон аст ва то 36 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хоруғ ҳаво имрӯз ҳавои абрист, борон меборад, ҳарорати ҳаво аз 22 то 29 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои гарм дар назар аст, аммо дар баъзе мавзеъҳо, аз ҷумла, Тавилдара, Шаҳринав ва Турсунзода шояд борон меборад. Ҳарорати ҳаво то 32 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG