Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз шаҳрванди Норвегия Андерс Брейвик, ки масъулияти ҳалокати 76 нафар бар асари таркиш дар Осло ва тирандозӣ дар ҷазираи Утойяро бар дӯш гирифтааст, бори дуввум баъд аз боздошташ бозпурсӣ мешавад.

Аз нигоҳи муфаттишон, Брейвик ҳамлаҳоро дар танҳоӣ анҷом додааст.

Дирӯз полиси Норвегия хабар дод, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳо дар қароргоҳи ҷавонон дар Утойя хатм шуд. Дар ин ҷазира 68 нафар ҳадафи тири Брейвик қарор гирифтаанд. 8 нафари дигар дар таркиш дар Осло ҷон бохтаанд.

Полис номи насаби 24 қурбонии ҳамлаҳоро нашр кард, ки бештари онҳо наврасону ҷавонони аз 16 то 20 солаанд. Дар Утойя як ҷавондухтар аз Гурҷистон ҳам кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG