Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои амнияти СММ авзоъ дар Косоворо баррасӣ мекунад


Шӯрои амнияти СММ имрӯз ба баррасии авзоъ дар марзи Косово ва Сербия шурӯъ мекунад. Дар ин минтақа баҳси назорат аз болои гузаргоҳҳои марзӣ ба даргирӣ миёни кормандони полиси Косово ва сербҳои маҳаллӣ печид.

Машваратҳо доир ба ин мавзӯъ бо дархости Белград ва пушти дарҳои баста сурат мегиранд.

Гузаргоҳҳои марзӣ дар шимоли Косово таҳти назорати нерӯҳои НАТО қарор гирифтанд ва муассисаҳои бастаи низомӣ эълон шуданд.

Рӯзи душанбе кормандони полиси Косово ду гузаргоҳи марзиро ишғол карданд, ки боиси норозигии сербҳои маҳаллӣ гардид. Дар задухӯрд як корманди полиси Кососо ба ҳалокат расид, бинои як гузаргоҳ ба оташ кашида шуд.

Мақомоти Сербия хушунатро маҳкум карда, дар он на сербҳои муқими Косово, балки гурӯҳи ифротгароҳоро айбдор намуданд.
XS
SM
MD
LG