Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Либия фармондеҳи аршади ошӯбгарон кушта шуд


Дар Либия фармондеҳи аршади ошӯбгарон Абдул Фаттоҳ Юнус ва ду ёвари ӯ кушта шуданд. Дар ин бора раиси Шӯрои миллии интиқолӣ Мустафо Абдул Ҷалил дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Бенғозӣ хабар дод.

Ба иттилоъи расмӣ, Юнус баъди он ҳадафи тири афроди мусаллаҳ қарор гирифт, ки масъулини хадамоти амниятии ошӯбгарон ӯро бо гумони ҳамкорӣ бо режими Муаммар Қаззофӣ боздошт карданд.

То пайвастан ба сафи ошӯбгарон Абдул Фаттоҳ Юнус вазири умури дохилии Либия буд. Раиси Шӯрои миллии ошӯбгарон гуфт, як нафари дар куштори фармондеҳи аршад ширкаткарда боздошт шудааст.

Аз ин пештар ошӯбгарон изҳор намуданд, ки онҳо шаҳри Ғазоия, воқеъ дар
марз бо Тунисро таҳти назорат қарор доданд.
XS
SM
MD
LG