Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Осиёии Рушд мехоҳад дар соли 2012 тарҳҳои соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад.

Ин матлабро масъулони бонк зимни сафар ба Тоҷикистон ва мулоқот бо мақомоти зидахли Тоҷикистон иброз доштаанд. Аммо дар айни ҳол онҳо шарт гузоштаанд, ки ин қарз бояд барои ҳосил ва ё маҳсулоти босифат харҷ гардад.

Бонки Осиёии Рушд дар ҳоле изҳори омодагӣ барои додани қарз ба бахзши кишварзии Тоҷикистонро кардааст, ки аз се сол ба ин ҷониб сармоягузории таҳҳои иқтисодии Тоҷикистонро мутафаққиф намуда буд. Ва танҳо кӯмакҳои билоиваз дар ихтиёри Тоҷикистон қарор медод. Аммо зимни мулоқоти масъулони утоқи Бозоргонии Тоҷикистон намояндагони Бонки Осёии Рушд гуфтаанд, ки ин бонк омода аст аз соли 2012 дар тарҳҳои кишварзии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки аз соли 2009 ба ин ҷониб Бонки осиёӣ ба далели мизони болои қарзҳои хориҷияш аз додани қарз ба Тоҷикистон худдорӣ мекард. Аммо акнун суол ин аст, ки чаро Бонки осиёӣ барои додани қарз ба Тоҷикистон омода шудааст?

Авомили мухталифе дар ин миён номбар мешавад, аммо Фирӯз Саидов, мудири шӯъбаи ояндабинии иқтисодӣ дар Маркази пажӯҳишҳои стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки Бонки Осиёӣ роҳи дигаре ба ҷуз аз бозгашт ба сармоягузории иқтисоди Тоҷикистонро надошт ва аз тарси гум кардани нуфуз дар бозори Тоҷикистон ба рағми даъвоҳои қаблияш дар мавриди мизони қарзи хориҷӣ маҷбур шуд додани қарз ба иқтисоди Тоҷикистонро аз сар бигирад.

Ӯ мегӯяд: «Онҳо метарсанд, ки дар ин ҷо бозори додани қарзро гум накунанд. Ин сабаби асосии азсаргирии додани қарз аз ҷониби ин бонк аст. Барои он ки дар муддати ду сол, ки онҳо қарз надоданд, бонкҳои хурду бузурги дигаре вориди ин бозор шуданд ва қарзҳои зиёдеро ба бахши иқтисод доданд. Барои ҳамин Бонки осиёӣ метарсад, ки агар як бор аз ин бозор равад, дигар ба ин бозор ворид шуда наметавонад.»

Аммо Давлатмурод Ҷумъаев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, қабл аз ҳар чиз далели аз сар гирифтани барномаи додани қарз ба Тоҷикистон аз сӯи Бонки Осиёӣ ба рушди нисбии иқтисод дар Тоҷикистон вобаста мебошад. Ӯ мегӯяд, бонкҳо фақат вақте омодаи сармоягузорӣ мешаванд, ки мутмаин бошанд, ки пули худро бозпас гирифта метавонанд. Ва дар ин маврид мегӯяд, оқои Ҷумъаев, зимни таҳлилҳо шояд масъулони Бонки Осиёӣ роҷеъ ба имкони баҳрабардорӣ аз сармоягузории худ дар Тоҷикистон итминон ҳосил кардаанд.

Дар дигар сурат ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ бонке омода ба додани қарз ба Тоҷикистон нахоҳад шуд. Ӯ мегӯяд: «Бубинед, ки чанд вақти охир сохтмон тараққӣ карда истодааст. Аз ҷумла, мактаб сохта истодаанд, туннел ва роҳ бунёд мешавад, ин сармоягузории асосӣ ва аз ҳама чизи мутмаин аст. Саноат ҳам камтар ба ҷунбиш даромадааст. Мизони таваррум дар миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз ҳама паст аст. Ҳамин гуна шохисҳое ҳастанд, ки Бонки Осиёиро мутамин мекунад, ки сармоягузориҳояшро аз сар бигирад. Аммо то соли 2012 вақт ҳаст ва агар дар он сол шурӯъ кард ба додани қарз баъд маълум мешавад, ки ин ҳадс задани мо солим будааст ё хато.»

Бонки Осиёии Рушд то соли 2009 тарҳҳои мухталифи иқтисодии Тоҷикистонро ба маблағи бештар аз 300 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст. Аз се соли пеш ин бонк ва инчунин Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул додани қарз ба Тоҷикистон ва сармоягузории тарҳҳои иқтисодии ин кишварро ба далели афзоиши беш аз ҳадди қарзи хориҷияш мутаваққиф карданд. Ин ниҳодҳои молӣ феълан танҳо кӯмакҳои маҳдуди бебозгашт дар ихтиёри Тоҷикистон қарор медиҳанд.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бештар 2 миллиард доллар қарзи хориҷӣ дорад, ки ба гуфтаи мақомот баробари 33 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аст. Ва агар қарзҳои ин ниҳодҳои молӣ ва бонкҳои байнамилалӣ ҳам ба он изофа шавад, ҷамъи қарзи хориҷӣ баробари 56 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG