Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афғонҳои кушташуда қочоқбар ва мусаллаҳ буданд"


Икром Зоиров, кафили додситони низомии минтақаи Кӯлоб дар шарҳи ҳалокати 8 афғон дар як даргирии рӯзи 23 июл дар минтақаи Шӯроободи марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфт, ин афрод бидуни иҷоза аз марз убур карда, бо худ силоҳу маводи мухаддир доштанд. Оқои Зоиров афзуд, даргирӣ вақте рух дод, ки марзшиканон дар посух ба талоши тафтиши асноди онҳо оташ кушодаанд.
Вазири хориҷаи Афғонистон Залмай Расул имрӯз дар Душанбе гуфт, аз мақомоти Тоҷикистон дар бораи қазияи кушта шудани 8 афғон дар минтақаи марзии Шӯрообод тавзеҳи бештар хостааст.
Хабаргузории афғонии «Пажвок» мегӯяд, кушташудаҳо як гурӯҳи сайёҳон аз вилояти Самангон буданд.
XS
SM
MD
LG