Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири рушди иқтисод: “Мардум бе орд намемонад”


Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, нархи орд дар нимаи дуввуми соли ҷорӣ ва аввали соли оянда босубот хоҳад шуд.

Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин гуфт, дар оянда истеҳсолоти гандумро зиёд хоҳанд кард, ки ин боис ба арзонӣ хоҳад шуд: "Дар муқоиса ба соли гузашта нархи орд рӯ ба коҳиш ниҳодааст, ҳол он ки мо бо истеҳсоли худӣ
Имсол ба
далели камчинии об
ҳосил кам шуд.
Заминҳои мо аслан обианд ва баҳори имсол оби кофӣ надоштем...

наметавонем талаби мардуми худро қонеъ гардонем. Вале орду ғалларо аз Қазоқистон ворид мекунем."

Тоҷикистон солона ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна орд ниёз дорад ва боқии эҳтиёҷоти бозори ин кишвар ба орду гандум аз ҳисоби воридот ва асосан аз Қазоқистону Русия пур мешавад.

Ба гуфтаи ҷаноби вазир имсол дар Қазоқистон ҳосили хуби гандум дар назар аст ва Русия низ ахиран гуфт, ки содироти гандумро манъ нахоҳад
Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

кард. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дар чанд соли ахир ҳудуди як миллион тонна ғалладона истеҳсол мекунад, аз он ҳудуди 650 ҳазор тоннааш гандум аст ва имсол ба далели камии боришот имкон дорад, ҳосили гандум ба ҳудуди 500 ҳазор тонна бирасад.

Акрам Файзов, сухангӯи Вазорати кишоварзӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир 70 дарсади замини кишги гандум дарав шудааст. Вай афзуд, "майдони кишти гандум ҳудуди 224 ҳазор ҳектор аст ва аз 70 дарсади замини даравшуда ҳудуди 344 ҳазор тонна гандум ба даст омадааст."

Дар ҳамин ҳол иттиҳодияҳои деҳқонӣ дар ҷануби ҷумҳурӣ гуфтаанд, ки ҳосили имсолаи гандум хуб нест ва дар муқоиса ба соли гузашта ҳудуди 30 - 40 дарсад камтар аст. Сулаймон Кабутов.

Соҳибкори қубодиёнӣ дар ин бора мегӯяд, "имсол ба далели камчинии об ҳосил кам шуд. Заминҳои мо аслан обианд ва баҳори имсол оби кофӣ надоштем. Гузашта аз ин, бисёр иттиҳодияҳои деҳқонӣ ба ҷои ғалла пахта коридаанд. Аз сӯи дигар парвариши гандум судманд нест, зеро хароҷоти фаннӣ ба ҳосили гирифтаи гандум намерасад ва барои мо судманд он аст, ки орди аз хориҷ воридшударо бихарем."

Тағоймурод Шарифов, раиси Идораи давлатии "Ғалла" бар ин аст, ки поин омадан ва ё боло рафтани қимати ғалла ба ибтикори Тоҷикистон ва ё Қазоқистон бастагӣ надорад. Зеро нархро бозор муайян мекунад.

Вай афзуд, "агар кишварҳои содиркунандаи гандум ғалларо хуб ҷамъоварӣ кунанд, имкон дорад нархи он дар оянда 30 дарсад кам шавад. Ҳоло дар Қазоқистон ҳосили хуб аст. Аз сӯи дигар ҳамин рӯз ман тахминан ҳисоб кардам як халта орди қазоқистонӣ барои мо 129 сомонӣ тамом мешавад, лекин корхонаҳои мо захира доранд. Масалан корхонаи «Сомон-Турон»-и Турсунзода тасмим дорад, ки қимати ордро дар моҳи Рамазон аз ҳисоби захираи худ то 110 сомонӣ поён биорад."

Ҷаноби Тағоймуродов бар ин бовар аст, ки ин қиматгузориҳо муваққатӣ аст ва имкон дорад пешомаде боз боис ба болоравии қимати орд шавад. Ба таъкиди вай пешгӯии коҳиши қимати орд дар шароити феълӣ басо душвор аст ва Тоҷикистон наметавонад ба поин овардани қимати орду гандум дар бозор таъсири умда гузорад.

Зеро то ба ҳол Тоҷикистон кишвари воридкунандаи орду гандум боқӣ мондааст ва солона ба ҳудуди 600 ва ё 700 ҳазор тонна орди воридотӣ ниёз дорад. Бо вуҷуди ин Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо мӯътақид аст, ки зимистони соли ҷорӣ мардуми Тоҷикистон бе орд нахоҳад монд.
XS
SM
MD
LG