Пайвандҳои дастрасӣ

Фишори "ҳамсояи нобоб" бо истифода аз ҳамаи василаҳо яке аз мавзӯъҳои умдаи нашрияҳои чопи Душанбе аст.

«Фараж» суоли «Маҳмуд Худойбердиев ба Тоҷикистон ҳамла мекунад?» - ро бо чанд тан аз таҳлилгарону коршиносони тоҷик матраҳ кардааст. Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ дар посухи ин суол гуфтааст, ки «Маҳмуд Худойбердиев хатар дошт ва дорад. Зеро имрӯз ӯ дар зербағали кишвари ҳамсоя қарор дорад. Ӯ аз ҷониби нерӯҳои интизомии ин кишвар сармоягузорӣ мешавад ва дар хадамоти амнияти Узбакистон фаъолият дорад». Абдулло Ҳабибов, коршиноси масоили амниятӣ бар ин аст, ки «Маҳмуд Худойбердиев як гаравгон аст. Вай иҷрокунандаи фармон аст. Озодӣ надорад. Мустақил нест. Вай фақат фармон иҷро мекунад. Акнун кӣ фармон медиҳад, худатон медонед. Вай дар Қирғизистон ё Қазоқистон нест. Дар Узбакистон аст. Узбакистон раҳбар дорад ва фишангҳои назорати Худойбердиев ҳам дар дасти ӯст». Давлатмурод Ҷумаев, коршиноси тоҷик низ бар ин бовар аст, ки «Худойбердиев хатар надорад, балки онҳое, ки ӯро сармоягузорӣ мекунанд, хатар доранд. Бидуни сармоягузорон ва пуштибонҳояш Маҳмуд ҳеҷ кас нест.»

«Наҷот» дар ин робита назари сиёсатшинос Д. Дӯстовро овардааст, ки вай мегӯяд, «имрӯз агар Маҳмуд Худойбердиев бо ҳар силоҳе, ки дорад, аз марзи Тоҷикистон гузарад, ӯ дигар Маҳмуд Худойбердиеви тоҷик нест ва мо бо Узбакистон сару кор мегирем. Мо ин амалро ҳамчун ҳуҷум аз ҷониби Узбакистон қабул мекунем. Пӯшида нест, ки ин нақшаҳои Узбакистон рабт ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон доранд. Узбакистон намехоҳад, ки мо пешрафт дошта бошем, «Роғун» бисозем».

«Нигоҳ» дар матлаби зери сарлавҳаи «Ҳамсояи нобоб ё пуштибонӣ аз «ТАЛКО» баҳси ҷониби Узбакистонро, ки қасд дорад, то корхонаи алюмини Тоҷикистонро ба додгоҳ бикашад, ба чолиш гирифтааст. Муаллифи матлаб менависад «дар воқеъ, Тоҷикистони пешрафта аз бадтарин кобусҳои Ислом Каримов дар заминаи сиёсати хориҷиаш аст. Тоҷикистон, ки ҳусни таваҷҷӯҳу тамоюли бузургтарин ақаллияти қавмии Узбакистон, яъне тоҷикҳоро ба худ ҷалб кунад, барои уртоқ Каримов бадтар аз ҷанги ҷаҳонии саввум аст. Ӯ худро муваззаф кардааст, ки Тоҷикистонро дар ҳолати фақру бенавоӣ кунсерв кунад, то ҳаргиз нутфаи он ҳусни таваҷҷӯҳу тамоюли тоҷикони Узбакистон ба Тоҷикистон (ҳамоне, ки дар оғози даҳаи 1990 имкони бурузи андаке ёфта буд), баста нашавад». Ба таъкиди муаллиф иддаои Узбакистон дар мавриди пайомадҳои зистмуҳитии ширкати «ТАЛКО» дар ҳолест, ки корхонаҳои саноатии Узбакистон бештарин осебу зиёнро барои муҳити зисти минтақа ворид месозанд. Ба ин далел муаллиф мӯътақид аст, ки иддаои «Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон» сирф ангезаи сиёсӣ дорад».

«Озодагон» дар пасманзари эродҳо ба фаъолияти Зариф Ализода, омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва масъалаи истеъфои ин мансабдорро ба миён гузоштааст, ки матлаби нашркардааш низ чунин сарлавҳа дорад «Зариф Ализода бояд ба истеъфо равад!» Ба навиштаи муаллиф, ин иддао, ки бояд Ализода ба истеъфо равад, изҳори назари Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ дар як ҳамоиш буда ва сару садоҳое дар мавриди фаъолияти ин ниҳод дар беш аз як соли ахир матраҳ будааст. Аммо Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба истеъфо рафтани Ализодаро ғайри қобили қабул дониста, гуфтааст, ки муддати ду соли фаъолияти омбудсмен корҳои зиёде иҷро шудаанд. Ҷаноби Шарипов ба ин назар аст, ки «дар ҷомеаи мо интиқоди беасос аз фаъолияти ходимони давлатӣ ба қавле «мӯд шудааст ва вай ин амрро чунин шарҳ медиҳад, « чунки шаҳрвандони Тоҷикистон маърифати ҳуқуқӣ надошта, дар бисёр маврид ҳатто шеваи дурусти шикоят бурдан ба омбудсменро намедонанд». Аммо ба бовари Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик давоми ду соли фаъолияти Зариф Ализода ба ҷуз аз қабул кардани ариза кори дигаре надошту дар ҳолатҳои густардаи нақзи ҳуқуқи мардум дар пасманзар қарор гирифт». Аммо муаллифи матлаб дар мавриди истеъфо аз худи ҷаноби Ализода суол кардааст. Ва ӯ дар посух гуфтааст, ки «бигзор нафари аз фаъолияти вай интиқод карда дар рӯ ба рӯяш гуфтаҳояшро такрор намуда, исбот созад, ки чӣ гуна омбудсмен кореро анҷом надодааст».

«Миллат» матлаби таҳлилеро ба муносибати 22 июл, ки то ду соле пеш ба унвони Рӯзи забон дар Тоҷикистон дониста мешуд, чоп кардааст. Муаллиф сарлавҳаи онро «22 июлро набояд фаромӯш кард! « гузошта ва ҳамчунин навиштааст, «Ё ҳар балое бар сари тоҷик омад, баъди қабули Қонуни забон буд». Муаллиф менависад, «гуфтем, ки 22 июл барои тоҷик санаи хотирмону муҳим ва фаромӯшношуданӣ аст ва бояд ин таърих гиромӣ дошта мешуд. Бо кадом сабаб таҷлил Рӯзи забон ба 5 октябр оварда шуд, барои банда ҳанӯз рӯшан нест. Агар муроди онҳое, ки ин санаи муҳиму тақдирсозро табдил ба моҳеву рӯзе дигар карданд, он бошад, ки муҳассилини донишгоҳҳо ва толибимони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар истироҳату фароғат ҳастанд, пас кори нодурусте кардаанд ва агар чунин аст, пас бояд дигар як ҷашни муҳими миллӣ Ҷашни Ваҳдат, ки 27 июн аст, низ дар тирамоҳ таҷлил шавад, зеро муҳассилону донишгоҳҳо, коллеҷу макотиби таҳсилоти миёна дар ин таърих ҳам аз дарсу таълим фориғанд». Афзун бар ин, муаллиф меафзояд, «ва агар санаи таҷлили Рӯзи забонро ба хотири мутобиқ кардан ба зодрӯзи президенти кишвар ба 5 октябр оварданд, пас метавон гуфт, ки ин амал ҷанбаи сиёсӣ доштааст».

«СССР» дар матлаби «Террори фарҳангӣ ва Фарҳанги Террор», ки бо арзи эҳтиром ба ҳама ақаллиятҳои миллӣ навишта шудааст, мавзӯи муошират ва ба хусус истифодаи забонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба баррасӣ гирфта шудааст. Муаллифи матлаб менависад, «1 дӯсти бастакори ман, ки ба тозагӣ аз Самарқанд омадааст, ҚИССА МЕКУНАД, ки дар ин сарзамин агар оҳиста ҳам ба Забони тоҷикӣ бо ҳам сӯҳбат кунӣ, ҳатман пулис ҳуҷҷат мепурсад ва қотеъона хоҳиш мекунад, ки «дар ҷои ҷамъиятӣ ба забони хориҷӣ сӯҳбат накунед!». Ва хуб ҳам мекунад, ин пулис! Шояд дар он замони рӯи кор омадани амалиёти даҳшатафканӣ - террористӣ ин амал ногузир аст!. Ва аммо танҳо дар кишвари мост, ки мубаллиғон бо овози баланд бо забони хориҷӣ вазъ мегӯянд». Муаллиф ҳамчунин меафзояд, «аз ҷониби дигар забони давлатии мо на танҳо дар коргоҳҳои созмонҳои байналмилалӣ ронда шудааст. Тоҷикиро ҳатто аз тарабхонаҳо меронанд. Аслиддин Низомов, собиқ садри Иттиҳоди бастакорони Тоҷикистон, ректори Донишкадаи ҳунарҳои зебои пойтахт мегӯяд, ӯ ҳисоб кардаааст, ки рӯзе то 20 бор дар тарабхонаи наздики корхонаи ӯ суруди «қошқоре қошқоре!» ба забони ӯзбакӣ садо медиҳад». Муаллиф хулоса мекунад, ки «Эй мардум, эй русу тоҷику ӯзбеку лақайу қирғиз! Биёед ба ин Ватан арҷ гузорем! Ва дарк кунем, ки Ватан ҳамин аст, ки мо дорем ва ба умеди Тошканду Бишкеку Маскав нашавем, ки гуфта шуд: Ватан 1 бор хиёнатро мебахшад, афви дубора зиёдаравист ва мабод, ки оқкардаи Душанбе нагардем!!!.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG