Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори кушташудаҳо дар Урузгон ба 19 расид


Як гурӯҳи силоҳбадастон ва бомбгузорони маргталаб имрӯз ба идороти давлатӣ дар Таринкут, маркази вилояти Урузгон дар ҷануби Афғонистон ҳамла овардаанд. Мақомот мегӯянд, дар ин даргириҳо дастикам 19 нафар кушта ва беш аз 30 тани дигар захмӣ шудаанд. Яке аз кушташудагон хабарнигори маҳаллии ББС будааст.Масъулияти ин ҳамлаҳоро, ки ба гуфтаи вазорати умури дохилаи Афғонистон, тавассути 6 тан анҷом шудааст, Толибон бар ӯҳда гирифт. Як рӯз қабл шаҳрдори Қандаҳор низ кушта шуд. Мавҷи ахири хушунатҳо дар ҷануби Афғонистон дар ҳолест, ки нирӯҳои НАТО ба таҳвили масъулияти таъмини амният ба нирӯҳои афғон оғоз кардаанд.
XS
SM
MD
LG