Пайвандҳои дастрасӣ

«Барқи тоҷик» барои харидории манзил ба хонаводаи духтаре, ки дар Хуҷанд аз зарбаи барқ маълул шуд, 60 000 сомонӣ ва 11 000 сомонии дигар барои табобати Сарвиноз Масобирова ҷудо мекунад. Фароғат, модари ӯ ба «Азия Плюс» гуфт, ин манзил бояд дар оянда ба номи Сарвиноз сабт шавад. Ин хонандаи синфи 1 дар моҳи апрел ҳангоми бозӣ вориди як зеристгоҳи тақсими нирӯи барқ шуда, бар асари зарбаи 10 000 волт нирӯи барқ аз ҳарду дасташ маҳрум шуд.
XS
SM
MD
LG