Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 кушта бар асари 2 таркиш дар Тиқрит


Имрӯз бар асари таркиши ду бомб дар шаҳри Тиқрити Ироқ дастикам 12 нафар кушта ва то 28 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ду инфиҷор дар ҳошияи як бонки маҳаллӣ замоне рух дод, ки ходимони пулис ва сарбозон маоши худро мегирифтанд. Пулис мегӯяд, ибтидо як мошини бомбгузоришуда таркид ва вақте воҳидҳои изтирорӣ ба маҳалли таркиш расиданд, як маргталаб худро мунфаҷир кард.
Масъулияти ин ҳамлаҳоро ҳанӯз касе ба дӯш нагирифтааст. Тиқрит зодгоҳи раҳбари собиқи Ироқ Саддом Ҳусейн аст, ки 8 сол қабл аз сӯи нирӯҳои Амрико сарнагун карда шуд. Ин нирӯҳо, қарор аст, то поёни соли ҷорӣ аз Ироқ хориҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG