Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти дигарбораи Тоҷикистон аз Сурия, 0:4


Лаҳзае аз бозии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими милли Сурия дар Урдун, 23-юми июли соли 2011
Лаҳзае аз бозии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими милли Сурия дар Урдун, 23-юми июли соли 2011

Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз Сурия шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои Ҷоми Ҷаҳон-2014 маҳрум гашт.

Бозии аввал низ панҷ рӯз муқаддам дар Урдун бо пирӯзии Сурия бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфта буд.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ҷавобии даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2014 бо тими миллии Сурия дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода қувваозмоӣ кард.

Голи аввалро дар дақиқаи шашум ва голи дуввумро дар дақиқаи 35-уми нимаи аввали бозӣ Раҷа Рофеъ ба дарвозаи мизбонон, яъне тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ворид намуд.


Голе, ки Тоҷикистонро ноком кард...


Воқеан, Раҷа Рофеъ дар бозии аввал голи ҳалкунандаро ба дарвозаи тими Тоҷикистон зада, бозиро ба ҳисоби 2:1 ба фоидаи Сурия анҷом дода буд.

Голи севвуми Сурияро Надим Сабоҳ дар дақиқаи 53-юм ба самар расонд. Надим Сабоҳ голи севвумро аз масофаи наздик зад ва ҳисобро боз ҳам афзун кард.

Голи чаҳорумро Фаррух Чориев, ҳимоятгари тими мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 86-ум ба дарвозаи дастаи худ зад.

Метавон гуфт, ки тақдири роҳхат ба даври баъдӣ ҳал шуд ва ба гумон аст, мунтахаби Тоҷикистон дар замони боқимонда рақиби пурзӯрашро мағлуб созад.

Дар дақиқаи 38-ум Комил Саидовро Фатҳулло Фатҳуллоев иваз намуд. Довар ду дақиқа замони изофӣ таъйин кард.

Дар нимаи дуввум ба ҷои Нуриддин Давронов ба майдон Дилшод Восиев омад.

Дар дақиқаи 73-юм Даврон Тӯхтасунов ҳамдастааш Хуршед Маҳмудовро иваз намуд. Дар дастаи меҳмонон низ ду бозигар иваз шуд. Аз ҷумла, қаҳрамони бозӣ Раҷа Рофеъ таҳти кафкӯбиҳои пурмавҷи мухлисони футбол майдонро тарк намуд ва ба ҷои ӯ Самир ба майдон омад.

Ин бозиро дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода тахминан 4-5 ҳазор мухлис тамошо карданд.

То ин вақт чаҳор бозии сабқати интихобӣ ба анҷом расид, ки натиҷааш чунин аст: Мянмар - Умон - 0:2, Непал - Урдун - 1:1, Лаос - Чин - 1:6, Филиппин - Кувайт - 1:2. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дастаҳои Умон, Урдун, Чин ва Кувайт ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Сурия низ пас аз ду пирӯзӣ ба тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ба даври севвум роҳхат гирифт.

Дастаи Тоҷикистон дар ин дидор бо чунин ҳайъат бозӣ кард:

Алишер Тӯйчиев, Соҳиб Сувонқулов, Фаррух Чориев, Даврон Эргашев, Ҷамшед Исмоилов, Нуриддин Давронов, Иброҳим Рабимов, Маҳмадалӣ Содиқов, Хуршед Маҳмудов, Комил Саидов, Юсуф Рабиев.

Бозигарони эҳтиётӣ инҳоянд:

Миралӣ Муродов, Алишер Додов, Сафаралӣ Каримов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Фурӯғ Қодиров, Асадулло Нуруллоев, Аҳтам Назаров, Самад Шоҳзуҳуров, Дилшод Восиев, Даврон Тӯхтасунов ва Фарҳод Тоҳиров.
XS
SM
MD
LG