Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои НАТО дар ду посгоҳи марзии Косово


Нирӯҳои ҳомии сулҳи НАТО имрӯз ду гузаргоҳ дар марзи шимолии Косово бо Сербистонро таҳти назорат гирифтанд. Ин ба дунболи ҳамлаи дирӯзаи сербҳои Косово ба як гузаргоҳ ва тахриби он дар вокуниш ба тасарруфи ин нуқта аз сӯи пулиси вижаи Косовост. Дар ҷараёни он амалиёт як пулиси Косово кушта шуд. Сарвазири Косово Ҳошим Тоҷӣ Белградро ба раҳнамоии ин хушунатҳо айбдор кард. Сухангӯи ҳукумати Сербистон Миливойе Миҳайлович аммо гуфт: «Давлати Сербистон аз ҳамаи атбоъи Косово ва Метоҳия даъват мекунад, оромиро нигоҳ доранд, даст ба хушунат назананд ва ба иғвоҳо дода нашаванд.»
Бо ин ҳол, ША Амнияти СММ имрӯз пушти дарҳои баста бо дархости Сербистон мавҷи ахири танишҳо дар Косоворо баҳс хоҳад кард. Косово соли 2008 эълони истиқлол кард, вале Белград то ҳол ин минтақаро як бахши қаламрави худ мешиносад.
XS
SM
MD
LG