Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба натиҷаи пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегӣ фасоди молӣ бештар дар бахши тандурустӣ, маориф ва БДА ба назар мерасад.

Назира Бобоева бо ҳамроҳии писараш дар бемористони бемориҳои сирояткунанда бистарӣ буд, ки тамоми масрафоти ин бемористон аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ пардохт мешавад.
Мо бозори ташкилёфтаи фасод дорем ва ҳар як амал дар ин бозори фасод ҳама амал ё иқдом нархи муайяни худро дорад...


Вале хонум Бобоева мегӯяд, вақти мураххасӣ аз бемористон ҳаққи хизмати фаррошон, ҳаққи хизмати ҳамшираи тиббӣ ва пизишки писарашро пардохт карда ва тамоми доруро низ бо пули худаш харидааст.

Вай гуфт: “Бе пора ҳеҷ кор буд намешавад. Вақте бо писарам дар ин бемористон будам, як зан бо писараш омад. Пул, ки надошт, писари беморашро ҳатто нигоҳ накарданд ва гуфтанд, пул, ки надорӣ, рав, дар хонаат табобат кун."

Бино ба натиҷаи пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон беш аз 21 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки худи кормандони Оҷонси мубориза бо коррупсияи назди президенти Тоҷикистон пора мегиранд.

БОЗОРИ ТАШКИЛЁФТАИ ФАСОД

Ҳудуди 3 ҳазор нафари дар ин пурсиш иштироккарда гуфтаанд, ки мизони фасод ё коррупсия дар Тоҷикистон ҳудуди 80 дарсадро ташкил медиҳад.

Абдувоҳид Шамолов
Таҳқиқот дар робита ба мизони фасод дар Тоҷикистон аз сӯи Маркази тадқиқоти стратегии назди парезиденти ҷумҳурӣ бо тақозо ва кӯмаки молии Барномаи Рушди СММ анҷом шудааст.
Абдувоҳид Шамолов, ҳамоҳангсози ин барнома дар ҷараёни муаррифии ин таҳқиқот гуфт: “Мо бозори ташкилёфтаи фасод дорем ва дар ин бозори фасод ҳама амал ё иқдом нархи муайяни худро дорад. Ин ҳама дар тадқиқоти мо инъикос шудааст. Ҳудуди 50 дарсади пурсидашудаҳо ба ин боваранд, ки мақомоти давлатии ҷумҳурӣ пора мегиранд."

Ба гуфтаи ҷаноби Шамолов, натиҷаи таҳқиқот нишон дод, ки фасод дар бахши тандурустӣ, маориф ва идораи бозрасии давлатии автомобилӣ бештар аст. Таҳқиқоти анҷомдодаи ҳамин марказ дар соли 2006 низ чунин вазъро бозгӯ карда будааст.

"ИШТИБОҲ"-И БАРНОМАИ РУШДИ СММ

Созмонҳои байнулмилалӣ ва хабарнигорон аз ҷаноби Шамолов, ҳамоҳансози ин барнома пурсиданд, ки мизони фасод дар миёни мақомоти баландпояи давлат дар чӣ қарор аст? Вай дар посух гуфт, ки ҳамчунин суол дар пурсишнома матраҳ набуд. Ба пиндори ҷаноби Шамолов мардум алоқаманди он нест, ки мақомоти баландпоя пора мегирад ё не.

Ин дар ҳолест, ки ин суол дар ин авохир дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо порлумони Иттиҳоди Аврупо матраҳ шуда буд.
Ба ин далел бархе аз ширкаткунандагони ин нишаст натиҷаи ин таҳқиқотро нокофӣ хонданд.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон дар таҳқиқи ин масъала худи Барномаи Рушди СММ ба кӯтоҳӣ роҳ дода таҳқиқи ин масъалаи басо муҳимро ба як идораи давлатӣ ҳавола кардааст. Ба қавли онҳо, агар ин таҳқиқро як ниҳоди мустақил ва ё хориҷӣ анҷом медод, натиҷаи дигар ба даст меомад.

НАЗАРИ КОРШИНОС

Абдуғанӣ Мамадазимов
Аммо Абдулғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ба ин иддао розӣ нест. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин таҳқиқот бар асоси усул ва шеваҳои муосири ҷомеашиносӣ анҷом шудааст.

Ӯ аҳамияти рӯ овардани Барномаи Рушди СММ ба Маркази тадқиқоти стратегии назди президент барои анҷом додани як чунин пажӯҳишро чунин тавзеҳ дод: "Амалӣ кардани ин таҳқиқоти илмӣ ва таҳлилӣ аз сӯи ин марказ аҳамияташ дар он аст, ки натиҷагирии ин маркази бонуфузро дигар вазорату ниҳодҳои давлатӣ қабул мекунанд. Агар ин таҳқиқот аз сӯи созмони мустақил анҷом мешуд, шояд натиҷаи онро бархе аз идораҳо намепазируфтанд."

Ба гуфтаи ҷаноби Мамадазимов, амсоли он ки натиҷаи пажӯҳиши созмони Транспаренси Интернешнл дар мавриди Тоҷикистонро ҳатто Оҷонси мубориза бо фасоди ҷумҳурӣ намепазирад.

КӢ ГУНАҲКОР? МАРДУМ?!

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ гуфт, ки давлат бидуни кӯмаки ҷомеа наметавонад ба фасод мубориза кунад.

Ва дар тақвияти фасод вай бештар мардумро масъул хонд, ки пора медиҳанд. Вале нуктаи аслии ҳамин масъала, ки мақомдор, соҳибмансаби давлатӣ, мардумро ба пора додан маҷбур месозад, тақҳқиқ нашудааст.

Дар ҳоле ки 33 дарсади пурсидашудаҳо ҳамин воқеиятро тасдиқ карда ва гуфтаанд, ки худи мақомдорон ба пора додан маҷбур месозанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG