Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти Данғара бар пояи хабари дурӯғ будааст


Сарҳанг Сӯҳроб Саломов

Сарҳанг Сӯҳроб Саломов

Хабари бардурӯғи як нафар боиси баргузории амалиёти густардаи таъқиби маҳбусони фирорӣ ва чанд рӯз овора шудани даҳҳо маъмури амниятиву интизомӣ дар ноҳияи Данғара шудааст. Сарҳанг Сӯҳроб Саломов, муовини раиси идораи пулиси вилояти Хатлон гуфт, ҳафтаи гузашта барои ин амалиёти таъқиб аз дигар навоҳии вилоят даҳҳо нафарро басиҷ карда буданд, вале маълум шуд, ки он манбаъ ба хотири дарёфти 500 сомонӣ ҷоизаи ваъдашуда иттилоъи дурӯғ додааст. Ҳафтаи гузашта дар бораи баргузории як амалиёт дар Данғара хабарҳо нашр шуд, вале мақомот мегуфтанд, дар ин ноҳия тамрини воҳидҳои пулиси Хатлон мегузарад.
XS
SM
MD
LG