Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии ҷавобии Тоҷикистону Сурия дар Турсунзода


Шоми имрӯз дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бозии ҷавобии тимҳои Тоҷикистону Сурия дар чаҳорчӯби даври дуввуми мусобиқот барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол -2014 доир хоҳад шуд. Бозии аввали ин ду тим, ки ба далоили амниятӣ на дар Сурия, балки дар Урдун гузашт, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Сурия анҷом ёфт. Аммо барои тими Тоҷикистон пирӯзӣ бо натиҷаи ҳатто 1:0 кофист, ки ба даври баъдӣ роҳ биёбад. Сармурабии тими Тоҷикистон Пӯлод Қодиров гуфтааст, ки онҳо инбор қавитарин футболбозони тоҷикро ба майдон хоҳанд даровард.
XS
SM
MD
LG