Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони таеквондои WTF-и Тоҷикистон


Мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба таеквон-до WTF дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, инчунин, ду даста аз Афғонистон ширкат кард.

Дар рақобатҳо миёни бузургсолон душанбегиҳо Насҳиддин Ворисов (58 кг), Фарҳод Неъматов (68 кг) ва Алишер Гулов (80 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни наврасон Фаридун Гадоев (Шаҳринав, 24 кг), Сифатуллоҳ (Афғонистон, 27 кг), Идрис Толибов (Душанбе, 30 кг), Акбар Қурбонов (Ҳисор, 33 кг), Руҳуллоҳ Ҳабиб (Афғонистон, 36 кг) ва Абдуллоҳи Сиддиқ (Афғонистон, 40 кг) бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Дар сабқати духтарон варзишгарони шаҳри Душанбе Шукрона Шарифова (49 кг) ва Кристина Коробко (57 кг), инчунин, намояндаи шаҳри Турсунзода Парвина Раззоқова (+57 кг) ҷойҳои аввалро касб карданд.
XS
SM
MD
LG