Пайвандҳои дастрасӣ

Сухангӯи раҳбари Доғистон кушта шуд


Маҳалли сӯъиқасд ба Ҳорун Қурбонов

Мусаллаҳони ношинос имрӯз сухангӯи раиси ҷумҳурии Доғистони Русияро ба ҳалокат расондаанд. Мошини Ҳорун Қурбонов субҳи имрӯз дар пойтахт – Махачқалъа ҳадафи ҳамла қарор гирифта, ӯву ронандааш ҳарду ҷон бохтаанд. Қурбонови 49-сола қаблан узви кобина ва дар ин авохир раҳбари хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Доғистон Муҳаммадсалом Муҳаммадов буд. Доғистон чун дигар ҷумҳуриҳои Қафқози шимолии Русия шоҳиди ҳамалоти хунинест, ки масъулияташро ба дӯши чирикиҳои исломӣ бор мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG