Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният танишҳои Косоворо баҳс хоҳад кард


Шӯрои Амнияти СММ дархости Сербистон ҷиҳати баргузории як нишасти изтирорӣ роҷеъ ба мавҷи ахири танишҳо дар Косоворо пазируфт. Дипломатҳо мегӯянд, иҷлоси Шӯрои Амният имрӯз, вале алорағми дархости Белград, ки озод гузарад, пушти дарҳои баста доир хоҳад шуд. Рӯзи чоршанбе сербҳои Косово ба як гузаргоҳи марзӣ бо Сербистон ҳамла оварда, онро тахриб карданд. Ин гузаргоҳ рӯзи душанбе бо амри раҳбарияти умдатан албании Косово тасарруф шуда буд. Сарвазири Косово Ҳошим Тоҷӣ Белградро ба раҳнамоии ин хушунатҳо айбдор кард. Раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич аз сербҳои Косово даъват кард, то аз хушунат парҳез кунанд. Сухангӯи ҳукумати Сербистон Милвойе Миҳайлович гуфт: «Давлати Сербистон аз ҳамаи атбоъи Косово ва Метоҳия даъват мекунад, оромиро нигоҳ доранд, даст ба хушунат назананд ва ба иғвоҳо дода нашаванд.»
Косово соли 2008 эълони истиқлол кард, вале Сербистон то ҳол ин минтақаро як бахши қаламрави худ мешиносад.
XS
SM
MD
LG