Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти тозаи марги Сӯҳроби Сафарзод


Cӯҳроби Сафарзод, овозхони зиндаёди тоҷик

Cӯҳроби Сафарзод, овозхони зиндаёди тоҷик

Мақомоти Оҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтаанд, ки овозхони зиндаёд, Сӯҳроби Сафарзод, аз истифодаи “амфитамин”, ки дар таркибаш миқдори ками маводи мухаддир дорад, фавтидааст.

Ин хабарро Бахтиёр Алиев, ҷонишини шӯъбаи тафтишотии Онҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар сӯҳбат бо хабарнигорон баён доштааст.

Вай гуфта, ки рӯзи севуми июни соли ҷорӣ аз Додситонии кул парвандаи марбут ба марги Сӯҳроби Сафарзодро дастрас карда ва онро мавриди санҷиш қарор додааст.

Хабаргузории "Озодагон" бо такя ба қавли ҷаноби Алиев дар бораи марги Сӯҳроби Сафарзод менависад: "Маълум шуд, ки шаби 10-уми декабри соли 2010 ҷасади Сӯҳроби Сафарзод ба маркази миллии тиббии Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ шаби 9-ум ба 10-уми декабри соли 2010 дар манзили истиқоматии Сабзалӣ Ҳайдаров, воқеъ дар кӯчаи Испечак-2, бинои 1, ҳуҷраи 25 дар ҳолати мастӣ вафот кардааст. Тибқи хулосаи ташхиси судӣ марги Сӯҳроби Сафарзод дар натиҷаи заҳролудшавии шадиди бадан аз ҳисоби дорувории амфитамин ба вуҷуд омадааст."

Ин ҷузъиёти марги Сӯҳроби Сафарзод дар ҳоле баён мешавад, ки аз даргузашти ӯ тақрибан ҳашт моҳ сипарӣ мешавад. Ва ин ҳам дар ҳоле ки Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, рӯҳонии маъруфи тоҷик дар рӯзи марги ӯ дар бораи зиёни маводи мухаддир сӯҳбат карда ва ҷавононро барои парҳез аз ин "вабо" давъат карда буд.

Аммо хонаводаи ӯ ва дӯстонаш иллати даргузашти Сӯҳроби Сафарзодро сактаи қалбӣ унвон мекарданд.

Сӯҳроби Сафарзод, ки дар сисолагӣ дунёро падруд гуфт, дар умри кӯтоҳи худ ду албоми суруду тарона, ки яке аз онҳо нотамом аст, барои мухлисонаш тақдим кардааст.

Ӯ дар оғози солҳои 2000-ум рӯйи саҳнаи ҳунари тоҷик пой гузошт ва то лаҳзаи марг овозхонӣ мекард. Ин овозхон бо иҷрои сурудҳои сабки муинӣ дар миёни мухлисону ҳаводоронаш маъруфу маҳбуб гашта буд ва аз муваффақтарин хонандаҳои таронаҳои сабки Муин, овозхони эронӣ, дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Сӯҳроби Сафарзод дар тӯли фаъолияти эҷодии худ бо Шабнами Сурайё, Остони Азиз низ дуэт иҷро кардааст. Таронаҳои ӯ, «Шабҳо», «Дорӣ нигоҳ», «Ёди ту», «Панҷара», «Ту азизи диламӣ» дар миёни шунавандагону мухлисон аз маҳбубияти вижае бархӯрдоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG