Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Боғи фарҳангу истироҳати шаҳри Кӯлоб аз Рӯзи асал таҷлил кардаанд. Файзалӣ Қурбонов, муовини аввали шаҳрдори Кӯлоб гуфтааст, солтосол шумори ширкаткунандагон дар ин иди маъмулшуда меафзояд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир танҳо дар як ноҳияи Кӯлоб 2020 оилаи замбӯри асал парвариш мешавад, ки назар ба соли гузашта 500 оила бештар аст. Оқои Қурбонов афзудааст, ки бо вуҷуди хушксолӣ онҳо умедворанд, назар ба як соли пеш 10 тонна бештар асал ҷамъ кунанд. Иди вилоятии Рӯзи асал рӯзи 30 июл дар Қӯрғонтеппа доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG