Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иқдом барои таҳқиқи ҳамлаҳои террористии Норвегия


Нахуствазири Норвегия

Нахуствазири Норвегия

Нахуствазири Норвегия эълон кард, ки кумитае барои таҳқиқи ҳаводиси террористӣ дар ин кишвар ташкил мешавад, то тамоми паҳлуҳои ин ҳамалот, аз ҷумла вокуниши пулис ва нерӯҳои амниятиро низ баррасӣ бикунад.

Йенс Столтенбергер гуфт, Норвегия ақибнишинӣ нахоҳад кард ва ба самти демократияи бештар хоҳад рафт.

Бино ба гузориши Ассошиайтед-Пресс интиқоди расонаҳои Норвегия ба амалкарди вокуниши пулис дар мавриди инфиҷор дар сохтмонҳои давлатӣ ва низ кундии ҳузури пулис дар ҳодисаи тирандозӣ ва куштор дар урдугоҳи ҷавонони Ҳизби коргар, нахуствазирро маҷбур кардааст, то дастури ташкили кумитаи таҳқиқи ин ҳаводисро додааст.

Нахуствазири Норвегия афзуд: "Ин кумита вазифа дорад тамоми нукоти муҳим, пӯшида ва номушаххаси ин ҳаводисро баррасӣ кунад, то масъалаи бидуни посухе дар ин парванда вуҷуд надошта бошад. Ин гузориш бояд битавонад ба тамоми пурсишҳое, ки мардум ва хонадони қурбониён бо он рӯбарӯ ҳастанд, ҷавоб диҳад."

Вай ҳамчунин гуфт, парлумони Норвегия мувофиқат карда, ки то маблағе барои ҳазинаи кафан ва дафни ҷанозаи қурбониён аз сӯи давлат ба хонаводаи онҳо дода бишавад.

Йенс Столтенбергер гуфт: "Ҳар коре ҳам ки бикунем, кушташудагон ва аз дастрафтагон дар урдугоҳ ва сохтмонҳои давлатиро ба мо бознамегардонад. Аммо умедворем иқдомоте, ки алъон ба онҳо даст мезанем ва барои барномаҳое, ки дар оянда иҷро мекунем, ҳадди ақал каме ин дард ва нороҳотариро камтар кунад."

Нахуствазири Норвегия ҳамчунин баёнияе содир карда ва дар он эълон кард, ки ин гуна кушторҳо ва ҳамлаҳои террористӣ боис ба тағйири Норвегия нахоҳад шуд.

Вай хостори он шуд, ки мардуми кишвараш бо ҳузури ҷиддии худ дар умури сиёсӣ ба ин гуна ҳаракоти хушунатбор посух бидиҳанд ва бигӯянд, ки роҳи хушунатро қабул надоранд ва онро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG