Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин баҳси парвандаи гумонбарони беназмиҳои Кӯлоб


Бозии футбол миёни тимҳои "Истиқлол" ва "Равшан" дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, моҳи июни соли 2011.
Бозии футбол миёни тимҳои "Истиқлол" ва "Равшан" дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, моҳи июни соли 2011.

Додгоҳ ба баррасии парвандаи гумонбарони беназмиҳои футбол дар варзишгоҳи Кӯлоб оғоз кардааст.

Зикриё Шамсов, ёвари раиси додгоҳи Кӯлоб мегӯяд, феълан додрасҳо парвандаҳои маъмурии ҷавононеро баррасӣ доранд, ки дар сурати исбот шудани гуноҳояшон, танҳо ҷарима хоҳанд шуд.
Ин ҷо аз нофаҳмиии кадом
корманди ОМОН чунин шуд. Мухлисон фикр карданд, ки ягон ҳамла сурат гирифт...


Ба гуфтаи ӯ, инҳо ҷавононе ҳастанд, ки бо гумони даст ба харобкорӣ задан пас аз бозии миёни дастаи футболи «Истиқлол» ва «Равшан» аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ боздошт шуда буданд.

Ҷаноби Шамсов афзуд: "Ҳоло танҳо парвандаҳои маъмурӣ аз ҳисоби гумонбарони бетартибиҳои бозии футбол ворид шудааст ва кормандони мо онҳоро баррасӣ доранд, вале парвандаҳои ҷиноятӣ шояд рӯзҳои дигар барои баррасӣ ворид гарданд."

Дар ҳамин ҳол, масъулони Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, пас аз ин беназмиҳо аз болои беш аз 20 нафар парвандаи маъмурӣ ва аз болои 16 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Шариф Латифов
Аммо Шариф Латифов, сардори шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, воқеан, пас аз инфиҷоре, ки кормандони таъйиноти махсус ё худ ОМОН-и шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи марказӣ анҷом доданд, чунин бетартибиҳо рух дод. Ба гуфтаи ин масъули Раёсати корҳои дохилӣ, кормандони ОМОН бидуни мувофиқа бо кормандони милисаи шаҳру минтақа он ҷо ҳузур ёфта буданд ва бинобар нофаҳмӣ дар варзишгоҳ маводи таркандаи безарар инфиҷор карданд.

Ҷаноби Латипов афзуд: "Ҳангоми аз дарвозаи марказӣ баромадан, баъзе мухлисон, тарафи микрорайони даҳуму маҳаллаи кӯҳдоман ба сӯи хонаҳояшон, ки ин роҳ кӯтоҳтар аст, роҳ пеш гирифтанд. Кормандони ОМОН ба хотире, ки одамони дастаи «Истиқлол» бемамониат баромада раванд, ҳамон ҷо роҳро гирифтанд, ки мухлисон ба ин роҳ нараванд. Зеро ба ин роҳ бояд меҳмононои дастаи «Истиқлол» мерафт. Ҳаминҷо онҳо гуфтанд, ки ин роҳ маҳкам ва ба роҳи марказӣ равед. Ин ҷо камтар нофаҳмӣ шуд ва мардум гурӯҳе ҷамъ шуд. Барои пароканда кардани он баъдан аз «димовой шашка», ки зарар надорад, истифода бурданд. Инро барои гурӯҳро пароканда кардан истифода карданд. Ин ҷо аз нофаҳмиии кадом ҳамон корманди ОМОН чунин шуд. Мухлисон фикр карданд, ки ягон теракт шуд. Аммо ин қасдан набуд, балки аз рӯи нофаҳмӣ сар зад."

Ин гуфтаҳои масъули Раёсати корҳои дохилиро пештар даҳҳо шоҳиди дигар низ зикр карда буд, ки маҳз рафтори нохуби кормандони ОМОН мухлисони эҳсосиро ба чунин роҳ таҳрик

додааст. Дилшод, як ҷавони маҳаллӣ ва шоҳиди ин ҳодиса мегӯяд, ба ҳамин хотир, ки ҷавон аз пеши худ ба бетартибӣ даст назадаанд, бояд ба ҷавобгарии вазнин кашида нашаванд. Дилшод мегӯяд, эҳтимол аст, ин ҷавононро, ки аксаран камбизоатанд, аз 1 то 3 ҳазор сомонӣ ё аз ин бештар ҷарима кунанд, вале ба андешаи ӯ, ин аз рӯи инсоф нахоҳад буд.

Вай инчунин гуфт: "Дар асл гирем, ҳамин мухлисон ҳам ҷинояте накарданд, ки ин қадар ба онҳо ҷазо диҳем. Ин ҷо бояд ҳолати рӯҳии мухлисонро ба назар гирифт. Кӣ онҳоро ба ин кор водошт? Онҳо худ эҳсосӣ буданд ва кормандони ОМОН ба эҳсосоти онҳо бозӣ карданд ва онҳо танҳо пас аз таркиш сӯи онҳо, ки тарсида буданд, чанд санг ҳаво доданд. Ин табиист, ки пас аз чунин ҳодиса чӣ мешавад. Вале ин ҷо мухлисонро ба ҷавобгарӣ кашиданд, вале чаро кормандони ОМОН-ро ба ҷавобгарӣ намекашанд? Сабабгори бетартибӣ аз аввал нигоҳ кунем онҳоянд-ку."

Бархе коршиносон мегӯянд, атрофи бозии дастаи футбол овозаву ҳангомаҳо сиёсӣ шуд ва аслан боздошти ҷавонони зиёд маҳз ба ҳамин хотир аст.

Беназмиҳо дар атрофи варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб замоне рух дод, ки бозии миёни дастаи «Истиқлол» ва «Равшан» бо бурди дастаи меҳмон анҷом ёфт ва пас аз бозӣ ҳангоми ҳаркати мухлисон ба роҳе, ки қароргоҳи мувақатии Рустами Эмомалӣ, сарпарасти дастаи футболи «Истиқлол» буд, пеши роҳи онҳо гирифта мешавад.

Дар ин ҳангом кормандони ОМОН барои баргардонидани ҳаракати мухлисон ба роҳи дигар даст ба инфиҷори маводи, ба қавли мақомот, безарар мезананд, ки пас аз он бетартибӣ рух медиҳад.

Феълан, барои бетартибӣ аз болои 16 нафар парвандаи ҷиноӣ ва аз боли даҳҳо нафари дигар парвандаи маъмурӣ боз шудааст, ки ҳамакнун аввалин парвандаҳо барои баррасӣ ба додгоҳи маҳаллӣ ирсол шудааст.
XS
SM
MD
LG