Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини Ёвонро барои дузанагӣ ва қатли ҳамсари дуввумаш равонаи зиндон кард.

Бо ҳукми ин додгоҳ ҳамчунин тамоми молу мулки маҳкумшуда --Тағойалӣ Алиев мусодира гардида, ӯ 19 соли умри худро дар колонияи ислоҳии низомаш шадид пушти сар хоҳад кард.
Мақомоти интизомӣ иқрор мекунанд, ки дар бархе маврид вуҷуди шакку гумон дар вафодорӣ сабаби қатл ё сӯйиқасд
ба куштори занон
аз сӯйи ҳамсарони тоза баргаштаашон аз муҳоҷирати корӣ мешавад...


Ҷаноби Қурбонов, додраси мурофиаи мазкур аз додгоҳи вилояти Хатлон, гуфт, нафари муттаҳам солҳои тӯлонӣ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буда, пас аз бозгашт ҳамсари дуввуми худро, ки дар собиқ бо никоҳи мусалмонӣ бо ӯ ҳамзистӣ доштааст, ба қатл расонидааст.

Сабаби қатл, ба гуфтаи додрас, рашк будааст: "Алиев Тағойалӣ аз соли 1990 бо сокини дигари ноҳияи Ёвон Хосиятмоҳ Раҷабалиева дар ақди никоҳи қонунӣ будааст, яъне оиладор буд. Аммо вай пас аз чанд соли дигар бо шаҳрванд Анорхол Гулмуродова ба тариқи мусалмонӣ никоҳ карда, оилаи нав барпо мекунад, яъне дар як вақт бо ду зан хонадорӣ мекунад, ки хилофи қонун аст. Алиев вақте, ки баъд аз чанд муддати дар Русия, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ба Тоҷикистон бармегардад, бинобар сабаби он, ки ҳамсари дувумаш гӯиё бо марди дигаре оила барпо кардааст, аз рӯйи рашк ба воситаи корд ӯро зада мекушад."

Қурбонов афзуд, аммо ҳанӯз ҳукми додгоҳ қувваи қонунӣ нагирифта, вакили мудофеи Тағойалӣ Алиев метавонад ба додгоҳи таҷдиди назар шикояти кассатсионӣ барад. Вале адвокати Алиев аз шарҳи парвандаи нафари зерҳимояташ ва рӯшан кардани мавқеи худ нисбат ба ҳукми додгоҳ худдорӣ мекунад.

Муҳаббат Мирзораҳимова

Ба иддаои коршиносон, муҳоҷирати корӣ агар барои беҳшавии сатҳи зиндагии ҳазорон нафар дар Тоҷикистон мусоидат кардааст, ҳамзамон сабаби азҳампошии садҳо хонавода ва содир шудани даҳҳо ҷиноят низ гардидааст.

Муҳаббат Мирзораҳимова, коршиноси масоили муҳоҷират, мегӯяд: "Ба Худо, даҳшат аст, ин хел қиссаҳоро шунидан, аммо, мутаассифона, ин хел ҳодисаҳо бисёр сар мезананд. Муҳоҷират рӯзгори бисёриҳоро талху хонавайрон кардааст. Масалан, як дӯстам, ки духтури занона аст, гуфт, ки ду зани ҷавон ба вай муроҷиат карда, хоҳиш кардаанд, то тифли батнашонро аборт намоянд. Шавҳарони ин занон дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, онҳо яке аз тарафи хусур ва дигарӣ аз ҷониби бародари ҳамсараш мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд. Дар ҳақиқат, фикр мекунам, ки зарари маънавие, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҷомеаи мо мерасад, хеле назаррас аст. Оилаи нокомил, яъне ҳамеша ғоиб будани марди хонаводаро, наметавон оилаи солим ном бурд. Аз ин нуктаи назар, шумораи оилаҳои ба маънои томаш «Солим» шояд хеле кам бошад ҳоло дар Тоҷикистон."

Хонум Мирзораҳимова афзуд, феълан ҳазорон кӯдаку наврас дар ғайби падарони муҳоҷири худ бузург мешаванд, ки ин далел аз нуқси ҷомеаи кишвар гувоҳӣ медиҳад. Ба иддаои ӯ, "куштори занҳо аз ҷониби ҳамсарони муҳоҷир, ё латукӯб кардану талоқ додани онҳо низ дар ташаккули зеҳнию ахлоқии насли наврас асари манфӣ хоҳад гузошт."

Бинои додгоҳи вилояти Хатлон

Вале гурӯҳи дигар аз соҳибназарон бар ин андеша ҳастанд, ки занон ҳам ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз ҳамсарони муҳоҷири худ талаби таваҷҷӯҳ намоянд, дар акси ҳол, ба хотири пешгирӣ аз ҷиноятҳои эҳтимолӣ, талоқ бигиранд ва думболи зиндагии худ бираванд.

Меҳрубон Сатторова, хабарнигори маҳаллӣ, ки муаллифи чандин матлаби таҳлилӣ дар мавзӯъи муҳоҷирати корист, дар ин иртибот мегӯяд: "Як мисоли зинда аз мусоҳибаи кориам бо марде меорам, ки ба гуфтаи худаш, бо зане алоқаи наздик доштааст, ки ҳамсараш дар муҳоҷирати корӣ будааст. Он мард мегӯяд, вақте ҳамсари зан аз муҳоҷирати корӣ ба хонааш бармегардад, алоқаашро бо он зан мутаваққиф мекунад. Бо баргаштани ҳамсари зан ба муҳоҷират, иртиботи ӯ бо он зан барқарор мешавад. Ниҳояти кор ин шуд, ки марди муҳоҷир аз хиёнати ҳамсараш хабардор шуду ӯро раҳо кард. Танҳо бо костюмаш аз хона бадар шуд. Аммо бисёр ҳолат шуда, ки мардон танҳо бо додани талоқ иктифо намекунанд. Занонро латукӯб мекунанд, ба ҷонаш сӯйиқасд ҳам мекунанд."

Вай афзуд, аз ҷониби дигар, тибқи шариат, вақти бахшидани тану нафси зан ба мард, мард масъулият мегирад, ки занро аз ҳар лиҳоз таъмин кунад. Дар амал, на ҳама қонуни исломро риоя мекунанд. Муҳит ҳам таъсир мекунад, ки занони танҳоро бо ин баҳона, ки ҳамсари муҳоҷираш дар Русия шояд зани дигар дорад, "аз роҳ мезананд".

Ба гуфтаи хонум Сатторова, дар натиҷаи солу моҳҳои дароз ғоиб будани мардон муносиботи онҳо бо ҳамсаронашон ба сардӣ гароида, дар беҳтарин ҳолат хонаводаҳо аз ҳам мепошанд, ё хушунату латукӯб меафзояду сабаби содир шудани ҷиноятҳои дигар мешавад.

Маъфират Навкарова

Аммо ҷомеашинос Маърифат Навкарова бар ин назар аст, ки муҳоҷирати корӣ ба сари худ наметавонад иллати аслии азҳампошии оилаҳо бошад ё сабаби қатлу хушунатҳо гардад. Ба андешаи ӯ, агар хонавода солиму муносиботи марду зан қавӣ бошад, фарҳанги рӯзгордории тоҷикона ҳама гуна шакку гумонҳо ва эҳтимоли ҷудошавии оилаҳоро барҳам мезанад: "Фикр мекунам, иродаи қавӣ ва тарбияю фарҳанги хуб асоси пойдории ҳар оила аст. Оилаҳое ҳастанд, ки мардонашон 10-15 соли ахир мунтазам ба муҳоҷират мераванду меоянд, аммо оилаҳои солиму хеле намунавӣ доранд. Аммо марди муҳоҷире, ки занашро аз рӯйи рашк куштааст, худаш гунаҳкор аст. Бояд дар ватанаш барои худ кор меёфт, оилаашро аз наздик саробонӣ мекард. Албатта, сабабҳои ҳар ҳодисаро бояд амиқан пажӯҳиш кард, аммо агар зан эҳсос кунад, ки ӯро қадр мекунанду дӯст медоранд, ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунад."

Бо ин вуҷуд, бисёр шуда, ки маҳз ба сабаби рашк ва вуҷуди шубҳа дар садоқати хонаводагӣ, мардон тавассути телефон ҳам аз кишвари муҳоҷират ҳамсарони худроталоқ медиҳанд. Мақомоти интизомӣ бо таассуф иқрор мекунанд, ки дар бархе маворид вуҷуди шакку гумон дар вафодорӣ ҳамчунин сабаби қатл ё сӯйиқасд ба куштори занон аз сӯйи ҳамсарони тоза баргаштаашон аз муҳоҷирати корӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG