Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбгарон барои ҳамла ба Ғазоия омодагӣ мегиранд


Ошӯбгарони Либия изҳор намуданд, ки барои ҳамла ба мавқеъҳои нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ба шаҳри Ғазоия, воқеъ дар марзи Тунис, омодагӣ мегиранд.

Фармондеҳи ошӯбгарон Умар Факкон ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ки гурӯҳҳои шӯришии чанд шаҳри таҳти назорати ошӯбгарон дар канори кӯҳи Нуфуза ҷамъ омадаанд.

Аз ин пеш намояндаи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ гуфт, ки раҳбари Либия новобаста ба дарёфти созиши сиёсӣ дар кишвар, бояд дар назди додгоҳ ҷавоб бигӯяд. Додгоҳ Муаммар Қаззофиро дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор мекунад.

Дирӯз Бритониё эълом дошт, ки ҳама дипломатҳои сафорати Либияро аз кишвар берун мекунад. Лондон Шӯрои миллии таъсискардаи ошӯбгаронро чун ягона ҳукумати қонунии Либия эътироф кардааст.
XS
SM
MD
LG