Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ИМА модару духтар дар давоми 20 сол се бор соҳиби бурдҳои бузурги лотерея шудаанд, ки аслан дар таърих бесобиқа маҳсуб мешавад.

Чанд рӯз пеш Кимберлӣ Макколӣ дар лотереяи хиёбонӣ сад ҳазор доллар бурид.

Чаҳор сол пештар модари ӯ, ки хабаргузориҳо аз номаш ёдовар нашудаанд, дар лотереяи давлатӣ соҳиби 161 ҳазор доллар шуда буд.

Зимнан, соли 2001 ҳамин зан, яъне модари Кимберлӣ Макколӣ дар New York Lotto 15у ним миллион доллар бурида буд.
XS
SM
MD
LG