Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи "Қонуни афв" ба парлумон фиристода шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тарҳи қонун дар бораи афв ба шарафи 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистонро барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёни парлумон, фиристод.

Ба иттилоъи дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни афв дар баробари беш аз 15 ҳазор маҳбусон ва гумонбарону айбдоршавандаҳо татбиқ мешавад.

Аз ҷумла, беш аз аз чор ҳазор маҳбусон зиндонро тарк мекунанд, муҳлати ҷазои маҳкумшудагони дигар коҳиш дода мешавад. Ҳамчунин тақрибан ду ҳазору чорсад нафаре, ки ба ҷазоҳои ҷиноии бидуни маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, афв карда мешаванд.

Дар хабари дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбон, маризони силу саратону дил, иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави дигар кишварҳо, муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, афроде, ки аз фоҷиаи Чернобил зарар дидаанд, шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона аз қисми ҳарбӣ бадар рафтаанд ва ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ маҳбасро тарк хоҳанд гуфт.

Ба феҳрасти ин афрод ҳамчунин маҳбусоне, ки бар асари беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ё барои ҷиноятҳои начандон сангин барои то 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, низ шомиланд.
XS
SM
MD
LG