Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ходорковский барои озодӣ талош хоҳад кард


Дархости Платон Лебедев рад шуд

Дархости Платон Лебедев рад шуд

Раҳбари пешини ширкати ЮКОС Михаил Ходорковский бо вуҷуди ноком шудани шарикаш Платон Лебедев барои раҳоии қабл аз мӯҳлат аз маҳбас талош хоҳад кард.

Дар ин бора вакили дифоъи ӯ Вадим Клюгвант ба ИТАР-ТАСС хабар додааст. Клюгвант гуфтааст, аз сӯи додгоҳи ноҳияи Велск рад шудани дархости раҳоии пеш аз мӯҳлати яке аз раҳбарони ЮКОС Платон Лебедев "баёнгари он аст, ки сохтори додгоҳии Русия аслан тағйире накардааст".

Дирӯз Николай Располов, додраси додгоҳи ноҳияи Велски вилояти Астрахан, бо далели он ки муҷозот ба ҳадаф нарасидааст, дархости Платон Лебедев барои раҳоии қабл аз мӯҳлатро рад намуд.
XS
SM
MD
LG