Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳоро комиссиюни мустақил тафтиш мекунад


Дар Норвегия барои тафтиши сабабҳои рух додани таркиш дар шаҳри Осло ва ҳамла ба қароргоҳи ҷавонон дар ҷазираи Утойя комиссиёни мустақил ташкил хоҳад шуд.

Дар ин бора нахуствазири кишвар Йенс Столтенберг хабар дод. Аз ин пештар ӯ гуфта буд, ки мақомот амали идораи полис дар рӯзи ҳамлаҳои террористиро тафтиш хоҳанд кард.

Бар асари ҳамлаҳои террористии рӯзи 22 июл, ки аз сӯи шаҳрванди 32-солаи Норвегия Андерс Брейвик анҷом шуданд, 76 нафар ба ҳалокат расиданд.

Гуфта мешавад, ки миёни қурбониён як сокини Дания низ ҳаст. Полиси Норвегия нашри иттилоъ дар бораи қурбониёни ҳамлаҳоро идома медиҳад.

Андерс Брейвик, ки масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтааст, барои ҳашт ҳафта боздошт шудааст. Ӯ дар терроризм айбдор мешавад ва аммо додситонҳо мегӯянд, ки шояд ӯро дар ҷиноёт алайҳи башарият ҳам муттаҳам кунанд. Дар ин сурат Брейвик барои 30 сол маҳкум ба зиндон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG