Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронсавиҳо се афғонро ҳадафи тир қарор доданд


Низомиёни фаронсавӣ аз ҳайати нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар вилояти Каписо, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон, се сокини осоиштаро ҳадафи тир қарор доданд.

Ба гуфтаи низомиён, як мошин бо чанд мусофир хост, ки бидуни таваққуф аз гузаргоҳ убур кунанд. Кушташудагон – марди ҷавон, зани ҳомила ва як тифл будаанд. Дар ин ҳодиса се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Сафири Фаронса дар Афғонистон барои иштибоҳи низомиён маъзарат хост. Аммо Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонстон, гуфт, ки бо арзи маъзарат наметавон қурбониёнро дигарбора зинда кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG