Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбгарон пешниҳоди худро пас гирифтанд


Ошӯбгарони Либия изҳор намуданд, ки пешниҳоди як моҳ қабл ироа кардаи онҳо дар мавриди дар кишвар боқӣ мондани Муаммар Қаззофӣ дар ивази даст бардоштан аз қудрат аз эътибор соқит шудааст.

Дар ин бора Мустафо Абдул Ҷалил, раиси Шӯрои миллии интиқолӣ хабар дод.

Аз ин пеш намояндаи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ гуфт, ки раҳбари Либия новобаста ба дарёфти созиши сиёсӣ дар кишвар, бояд дар назди қонун ҷавоб бигӯяд. Додгоҳ Муаммар Қаззофиро дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор мекунад.

Дирӯз Бритониё эълом дошт, ки ҳама дипломатҳои сафорати Либияро аз кишвар берун мекунад. Лондон Шӯрои миллии таъсискардаи ошӯбгаронро чун ягона ҳукумати қонунии Либия эътироф кардааст.
XS
SM
MD
LG