Пайвандҳои дастрасӣ

Вориси нави Назарбоев ва ояндаи тахтҳои Осиёи Марказӣ


Темур Қулибоев

Темур Қулибоев

Мушовири раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, дар ҳолати зарурӣ роҳи Назарбоевро домодаш Қулибоев идома хоҳад дод.

Ҳарчанд худи Қулибоев ин изҳоротро як иддаои беҳуда хонд, вале дар маҳофил мегӯянд, ҳадаф ғолибан матраҳ кардани худи масъалаи ҳукумати меросӣ ва дар зимн имтиҳони вокуниши ҷомиа буд, ки оё домоди Назарбоевро ба ҳайси вориси ӯ то куҷо хоҳанд пазируфт. Аммо дар Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон нест, ки талошҳои таҳвили меросии қудрат дар доираи хонаводаҳои ҳокимашро таҷриба мекунад.

Пешоҳангиҳои Назарбоев

Маъмулан аксари ибтикорҳои хоси низомҳои худкома дар Осиёи Марказӣ пеш аз ҳама аз ҷониби Нурсултон Назарбоев ва давлати ӯ
...маҳз Қулибоев метавонад хатти машши сиёсии раисиҷумҳурро идома дода, самтҳои асосии сохти давлативу сиёсиеро, ки дар Қонуни асосии соли 1995 (...) дарҷ шудааст, ҳифз кунад ва идома диҳад...

бармехезанд. Назарбоев аз нахустинҳо шуда, дар солҳои 1990 ба тамдиди замони раёсаташ аз роҳи раъйпурсӣ иқдом кард. Ӯ буд, ки бо тағйири Қонуни асосӣ роҳро барои давраҳои нав ба нави раёсати худ боз кард.

Ва дар авоили соли ҷорӣ вақте мавҷи инқилобҳои ҷаҳони араб як идда аз раҳбарони дарозумру худкомаро аз тахт барафканд, боз ҳам Назарбоев буд, ки роҳи оби чунин инқилобро, ба
Нурсултон Назарбоев

қавли маъруф, “аз пеш чим зад” ва бо баргузории як интихоботи пеш аз мӯҳлат ва бидуни кадом рақиби ҷиддиву билқувва замони раҳбарии худ бар Қазоқистон, ин кишвари аз лиҳози қаламрав бузургтарини Осиёи Марказӣ ва саршор аз манобеъи табиӣ, бо шумули нафту газро то 5 соли дигар тамдид кард. Ва инак, эҳтимоли ба яке аз пайвандони раисиҷумҳур таҳвил шудани қудрат ҳам қабл аз дигарон аз забони як нафари хеле наздик ба Назарбоев барҷаст.

Фақат Қулибоев метавонад

Ёрмуҳаммад Эртишбоев, мушовири сиёсии раисиҷумҳури Қазоқистон дар мусоҳибааш бо рӯзномаи "Коммерсант”-и чопи Маскав гуфт, бар хилофи сарусадоҳои бархоста баъди ташхиси тиббии вазъи сиҳҳати Назарбоев дар як бемористони Ҳамбурги Олмон, ӯ бардам аст ва азм дорад, то соли 2016 дар мақом бимонад. Аммо, афзуд ӯ: “Дар сурати пеш омадани ҳолати изтирории марбут ба ногаҳон тарки мақом кардани раҳбари кишвар, маҳз Қулибоев метавонад хатти машши сиёсии раисиҷумҳурро идома дода, самтҳои асосии сохти давлативу сиёсиеро, ки дар Қонуни асосии соли 1995, маъруф ба “Қонуни асосии Назарбоев” дарҷ шудааст, ҳифз кунад ва идома диҳад.”

Худи Темур Қулибоев изҳороти мушовири падарарӯсашро ногаҳонӣ ва музахраф номид ва гуфт, сӯҳбат аз чунин масоил дар ҳоле ки президент зинда аст, ба хусус дар пайи
Сармоядор Гога Ашекенозӣ ва Темур Қулибоев

сарусадоҳои бархоста роҷеъ ба вазъи сиҳҳати ӯ чандон муносиб нест. Қулибоев дар сӯҳбат бо ҚазТАГ, хабаргузории расмии Қазоқистон, гуфтааст, ӯ машғули умури иқтисодист, ки дӯст дорад ва худро сиёсатмадор намешуморад.

Эртишбоев ҳам баъдан ба як расонаи маҳаллӣ гуфт, ин изҳорот назари шахсии ӯст, ки бо раисиҷумҳур машварат нашуда буд. Эртишбоев мегӯяд, Назарбоев вақте ин мусоҳибаро хонд, хандид, вале боз ҳам гуфт, ки дар зимн вокуниши бархеҳоро низ хоҳем санҷид.

Ҳадаф аз “шастпартоӣ”

Дар маҳофили Қазоқистон низ аксар ба ҳамин назаранд, ки ҳадаф аз ин шастпартоиҳо зоҳиран санҷидани вокуниши эҳтимолии ҷомиа буд. Вале таҳлилгарони қазоқ бидуни ҳидояти худи Назарбоев нашр шудани чунин изҳороти баландро баъид медонанд.

Амирҷон Косанов, дабири ҳизби мухолифи “Озод” мегӯяд: “Мушовири раисиҷумҳур ягон хабарнигор ё сиёсатмадори одие нест, ки баҳудаву беҳуда изҳорот диҳад. Сониян, Эртишбоев вақте масъалаи ворисро бардошт, ки нигарониҳо аз вазъи сиҳҳати Назарбоев зиёд шудааст. Аммо он ки худи Қулибоев ин ҳамаро барои худ ногаҳонӣ номид, ҳокист ки ӯ хуб медонад, ки дар доираҳои ҳокими Қазоқистон пушти парда чӣ бозиҳое мегузарад.”

Аммо Толганой Умбеталиева, мудири Сандуқи рушди демократия дар Осиёи Марказӣ мегӯяд,
Толганай Умебалиева (аз чап)

изҳороти Эртишбоев метавонад ибтикори он нухбагони сиёсӣ бошад, ки зиёд алоқаманди асли ҳукумати меросӣ дар қазоқистон нестанд: «Чунин иқдомот одатан ба хотири фаҳмидани назари мардум аст. Яъне шастро мепартоянд ва мебинанд, ки вокуниши моҳиён чигуна хоҳад шуд. Ба назари ман, ин кори гурӯҳҳоест, ки дар асл тарафдори ба Қулибоев расидани тахти раёсат нестанд. Ва маъмулан вақте масъалаи ворисии ягон нафарро зиёд доман мезананд, шонси ӯ баръакс(тавре дар намунаи Роҳат Алиев дидем) ба хок яксон мешавад.»

Баъди Роҳат

Темур Қулибоев аз зумраи афроди соҳиби тоқату таҳаммули кофист, ки омодаанд солҳо мунтазири шонси худ бинишинанд.

Тайи қариб ду даҳаи аввали раёсати Назарбоев дар осмони сиёсии Қазоқистон ситораи домоди аввали ӯ – Роҳат Алиев бештар медурахшид. Аз байни аъзои хонаводаи президент маҳз ӯву ҳамсараш Дориға ба арши сиёсӣ пештар роҳ
Роҳат Алиев

ёфтанд ва Роҳат Алиев муддатҳо муҳимтарин курсиҳои кобинаи вазирони Қазоқистонро дар даст дошт, то дар соли 2007 мавриди қаҳри падарарӯсаш қарор гирифт ва аз кишвар фирор кард. Роҳат Алиев акнун дар Аврупо паноҳ ёфта, аз шумули мухолифини оштинопазири режими феълии ҳоким шудааст.

Аммо ҷои гарм, қарори маълум, холӣ намемонад ва тавре дар мисоли Қазоқистон мебинем, боз ҳам ба бегона намерасад. Баъди ронда шудани Роҳат Алиев мақоми “гӯшу ҳуш”-и Назарбоевро дар арши сиёсии кишвар домоди дуввуми ӯ Темур Қулибоев гирифт, ки тайи ин ҳама солиёни дурахши ситораи Роҳат ба даҳон об гирифта буд ва фурсати худро мепоид, ки оё кай фаро хоҳад расид.

Темур Қулибоев соли 1966 ба дунё омада, риштаи баплангирии Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисоист. Аз издивоҷ бо Динора, духтари
Динора Назарбоева

дуввуми Нурсултон Назарбоев 3 фарзанд – як писари баркамоли 21-сола ва 2 духтари хурдсол - дорад. Қулибоев мудири Шӯрои мудирони “Қазмунайгаз”, бузургтарин ширкати давлатии нафти Қазоқистон ва ҳам раҳбари “Самрук-Хазина”, Сандуқи вижаест, ки Назарбоев таъсис дода, бо будҷаи баробари 53 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Қазоқистон бинои молии султаи хонаводаи Назарбоевҳо дониста мешавад.

Таҳлилгарони рус гуфтаанд, дар сурати пеш омадани иттифоқе чунин Маскав ба эҳтимоли ғолиб Темур Қулибоевро ба ҳайси ҷойгузини Назарбоев хоҳад пазируфт, чунки Қулибоев низ ба монанди падарарӯсаш ночор аст, роҳҳои иттиҳод бо Русияро биҷӯяд.

Ойнур Қурманов, раҳбари як ҷунбиши мухолифини қазоқ вале мегӯяд, арзёбии Темур Қулибоев ба ҳайси вориси тахти Назарбоев коре боварнокарданист, вале дар кишварҳои худкомаи Осиёи Марказӣ ба хотири таъмини амнияти хонаводаҳои ҳоким дар сурати даргузашт ё тарки мақом кардани раҳбари аввал ҳар иттифоқе метавонад рух диҳад: “Ба назарам, дар ҳоли ҳозир ин имкон надорад. Албатта, Қулибоев пайваста ба пиллаҳои баландтари мансаб пой мемонад ва шояд ба мақоми ворисӣ низ бирасад. Аммо қаблан мо шоҳиди чунин парвози Роҳат Алиев дар осмони сиёсии Қазоқистон ҳам будем ва медонем, ки кори ӯ дар ниҳоят ба куҷо кашид.”

Чашмпӯшӣ аз қонунҳои асосӣ

Мавзӯи таҳвили қудрат ба сурати мерос ба пайвандони ҳокимони кунунӣ дар Осиёи Марказӣ хоси танҳо Қазоқистон нест, балки дар Узбакистону Тоҷикистон низ ба гунаҳое матраҳ ҳаст. Ҳарчанд тибқи Қонунҳои асосии ин кишварҳо, дар сурати фавт ё ноқобилии раисиҷумҳур зимоми қудрат дар ин 3 кишвар бояд ба раисони маҷлисҳои болоии парлумон гузарад ва дар ҳеҷ яки онҳо ҳукумати меросӣ қонунӣ нашудааст. Аммо дар ин минтақа таҷрибаи чашм пӯшидан аз чунин тақозои Қонуни асосиро ҳам доранд.

Тибқи Қонуни асосии Туркманистон, дар сурати фавти президент бояд раиси Маҷлис ҷойгузини ӯ мешуд ва дар 3 моҳ интихоботи ҷадид барпо мекард, вале бидуни ҳаққи ширкати худаш дар ин корзор. Аммо дар соли 2006, вақте Сафармурод Ниёзов даргузашт, курсии ӯро ба муовини сарвазир Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов супурданд, на ба раиси вақти Маҷлис. Ва Авазгелдӣ Атоев, ки мӯе монда буд, ба раёсати Туркманистон бирасад, баъди чанде ҳатто зиндонӣ шуд.

Ва Гулнора ба ҷои падар?

Дар Узбакистон солҳост, ки аз эҳтимоли вориси падараш шудани Гулнора, духтари калонии раиси ин ҷумҳурӣ Ислом Каримов сӯҳбат
Гулнора Каримова

мекунанд. Ба фарқ аз хоҳари хурдиаш Лола Гулнора дар баробари нақши густарда дар майдони тиҷорат дар саҳнаи сиёсӣ низ хеле фаъол аст ва ҳатто то ба симатҳои муовини вазири хориҷа ва сафири Узбакистон дар идороти СММ дар Женева расида буд. Аммо соли гузашта мақомоти Узбакистон ғайричашмдошт фаъолияти “Zeromax”, як ширкати бузурги марбут ба Гулнора Каримоваро манъ карданд ва худи ӯ ба ҳайси сафир ба Испания “бадарға” шуд, ки таҳлилгарон инро ҳамчун аломати тақвияти мавқеъи сарвазир Шавкат Мирзиёев ва аз имкони вориси тахти худ кардани Гулнора дил кандани Ислом Каримов донистанд.

Аммо Камолиддин Рабимов, таҳлилгари узбаки муқими Фаронса мегӯяд, ҳарчанд таъсири
Дар шароити Шарқ, бахусус Осиёи Марказӣ бисёр иқдоми сахт аст, чунки тасмим дар қиёс бо кишварҳои ғарбӣ танҳо марбут ба як нафар намешавад...

буҳрони ҳокимони дарозумри ҷаҳони Араб пеши рӯи ҳамтоёни онҳо дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз боқист, вале бо дарназардошти синни раисиҷумҳури Узбакистон, ки пой ба хонаи 74 ниҳодааст, масъалаи тазмини амнияти хонаводаи Каримов дар Узбакистони баъди ӯ ҳамоно матраҳ боқӣ мемонад. Ба ақидаи Камолиддин Рабимов, агар номзадии домоди Назарбоев ба унвони вориси ӯ таъйид шавад, Ислом Каримов низ метавонад дигарбора ба масъалаи варосати духтараш Гулнора баргардад.

Ин таҳлилгари узбак меафзояд: “Каримов нисбат ба вориси худ ду тақозои асосӣ хоҳад дошт: садоқат ва тавони ҳифзи қудрате, ки ба дасташ хоҳад омад. Гулнора, албатта, содиқ ҳаст, вале шояд дар иҷрои тақозои дуввуми
Ислом Каримов

Каримов оҷизӣ кунад. Номзадҳои дигари матраҳ тавони ҳифзи қудратро доранд, вале ба назари Каримов чандон содиқ наменамоянд. Аз ин рӯ, ӯ дар пешорӯи интихоби мушкиле қарор дорад. Тавре мебинем, Каримов дар ҳоли ҳозир бештар сарвазир Шавкат Мирзиёевро барои мақоми аввал омода мекунад. Мавқеъи Мирзиёев дар воқеъ дар ҳоли тақвият ёфтан аст. Аммо Гулнора Каримова ҳатто ба мақоми аввал нарасад, Каримов ба хотири тазмини амнияти хонаводааш ҳатман кӯшиш хоҳад кард, ки ӯро дар раёсати яке аз шохаҳои давлати оянда, барои мисол, дар мақоми ё раиси парлумон, ё сарвазир, ҷо кунад.”

Аммо дар Тоҷикистон...

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли оянда ба синни 60 мерасад ва тибқи Қонуни асосӣ, ҳаққи тамдиди раёсаташ то соли 2020-умро дорад. Эмомалӣ Раҳмон 9 фарзанд – 2 писар ва 7 духтар – дорад ва ҳам шумори бузурге
Эмомалӣ Раҳмон

аз хешовандонаш ҳастанд, ки ё дар мақомҳои муҳими давлатӣ нишастаанд ваё дар риштаҳои мухталифи тиҷорати Тоҷикистон сози аввалро бозӣ мекунанд.

Албатта, баррасии масоили марбут ба хонаводаи президент, аз ҷумла мавзӯъи вориси ӯ, дар матбуоти Тоҷикистон, ба сурати умум, таҳти табуст ва таҳлилгарон низ хеле боэҳтиёт дар ин бора назар медиҳанд. Вале дар маҳофил аз пешрафти ҳайратангези карйераи писари калонии президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳарф мезананд, ки бо вуҷуди ҳамагӣ 24 сол доштанаш муовини раиси Иттиҳоди ҷавонон ва раҳбари бахши мубориза бо қочоқи кумитаи гумрук аст ва то интисобаш ба ин мақоми ахир вакили маҷлиси пойтахт низ буд. Аз дигар пайвандони дар саҳна матраҳи Эмомалӣ Раҳмон
Рустами Эмомалӣ

додарарӯсаш Ҳасани Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк” ва домодаш Ҷамолиддин Нуралиев - муовини аввали вазири молия аст, вале то ҳол дар ягон сатҳи расмӣ аз ҳеҷ кадоми онҳо ба унвони вориси эҳтимолӣ ном набурдаанд.

Бархе манобеи наздик ба ҳукумат мегӯянд, дастикам то соли 2020 масъалаи ворис барои Тоҷикистон доғ нест ва баъди сар омадани ҳама давраҳои мумкини раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҳам ӯ вориси худро на ҳатман аз байни пайвандон, балки ба эҳтимоли ғолиб хориҷ аз доираи хонаводааш интихоб хоҳад кард.

Таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад низ мегӯяд: “Ҳафт сол пеш Аскар Оқоев дар Қирғизистон ин талошро дошт, ки барои варосат иқдом бикунад, вале муваффақ нашуд. Дар ҳоли ҳозир низ, ба истиснои Қазоқистон, ки паёмҳое дар робита ба вориси эҳтимолии Назарбоев медиҳад, фикр намекунам, ки ин баҳс дар солҳои наздик ба сурати ошкор ва аланӣ дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ки дар ин замина дар ҳоли ҳозир бо масоили хосе рӯбарӯ нест, битавонад ба сароҳат матраҳ бишавад.”

Ибтикоре, ки пайрав надорад

Бо ин ҳол, тайи 20 соле, ки аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ мегузарад, раисиҷумҳури кунунии Қирғизистон Роза Отунбоева нахустин раҳбари кишвар дар Осиёи Марказист, ки баъди ҳамагӣ якуним соли раёсат довталабона тарки мақом мекунад. Ба эътиқоди хонум Отунбоева, довталабона рафтан аз қудрат масъалаест, ки то ҳол дар ин минтақа таҷруба нашудааст ва ӯ мехоҳад ба бақия намунае аз худ диҳад: “Мо моҳи ноябр интихоботи президентӣ баргузор мекунем, ман бояд аз ин мақоми раёсати ҷуҳмур канор биравам. Ман мехоҳам ин дафъа барои ин бахши ҷаҳон намунае бошам, ки аз мақом рафтан ва ба қудрат “падруд” гуфтан имкон дорад. Ин муҳимтарин амалест, ки бояд дар Осиёи Марказӣ анҷом шавад.”

Аммо Қирғизистон дар минтақа нақши чандоне надорад ва Роза Отунбоева ҳам, ки тавассути эътирозҳои мардум ба қудрат расидааст, дар маҳфили президентҳои Осиёи Марказӣ то ҳол як нафари бегона боқӣ мондааст, ки рафтанаш барои касе намуна шавад.

Ба ақидаи нозирони умур, Нурсултон Назарбоев ба маҳзи нақшу нуфузи шахси ӯ ва ҳам вусъати ҷуғрофиву таъсире, ки Қазоқистони ӯ дар минтақа дорад, метавонист бо даст кашидан аз ширкат дар интихоботи пеш аз мӯҳлати моҳи апрел боқии ҳамтоёни дарозумраш дар Осиёи Марказиро ба сӯи тағйирот таҳрик диҳад.

Таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, Назарбоев бо чунин як амал метавонист исми худро нақши таърих кунад, вале ин бор ҳам натавонист бар ғаризаи ҳифзи қудрат дастболо шавад: “Дар шароити Шарқ, бахусус Осиёи Марказӣ бисёр иқдоми сахт аст, чунки тасмим дар қиёс бо кишварҳои ғарбӣ танҳо марбут ба як нафар намешавад. Аз қудрат канор рафтани Назарбоев дар ҳар шароите, бо вуҷуди куҳулати сол ва мушкили саломатӣ боз ҳам иқдоме набуд, ки битавонад танҳо ба иродаи як сиёсатмадори шарқӣ марбут шавад. Мо шоҳиди ин саҳна дар кишварҳои Ховари Миёна низ ҳастем.”

Бо ин ҳама, таҳаввулоти баъдии вазъ дар атрофи исми вориси эҳтимолии Назарбоев, ба эътиқоди аксар, масъалаест, ки дар сурати таъйид шуданаш метавонад чунин як таҳаввулоти ҳамгун дар боқии минтақаро низ дар пай биорад.

Албатта, бо дарназардошти таҷруба ва сабақе, ки ҳокимони кунунии ин қаламрав аз мавҷи инқилобҳои ахири ҷаҳони Араб андӯхтаанд. Як сабақи он инқилобҳо, қарори маълум, нақше ба об шудани умеди он ҳокимони дарозумре буд, ки давоми давлати худро дар дасти фарзандони худ медиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG