Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико телевизионҳои Осиёи Марказӣ пахш хоҳад шуд


Дар ояндаи наздик муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯравии пешин, ки дар Амрико ба сар мебранд, метавонанд барномаҳои телевизионии кишвари худро дар Амрико низ тамошо кунанд. Як ширкат бо номи “Russian Telecom Inc” ба нақша гирифтааст, ки дар ояндаи наздик ба пахши 120 канали телевизионии ин кишварҳо шурӯъ кунад. Дар миёни ин шабакаҳо шабакаҳои телевизионии Тоҷикистону Узбакистон ва Гурҷистону Озарбойҷон низ ҳаст. То ҳол маълум нест, ки ин ширкат кадом шабакаи телевизионии Тоҷикистонро барои пахш интихоб хоҳад кард. Дар ин бора матбуот хабар додааст.
XS
SM
MD
LG