Пайвандҳои дастрасӣ

Миллионҳо нафар дар Покистон аз селобҳо ранҷ мебаранд


Кӯдаки бесарпаноҳи покистонӣ

Кӯдаки бесарпаноҳи покистонӣ

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Покистон имрӯз гуфт, ки миллионҳо нафар дар натиҷаи ҷорӣ шудани селобҳои харобиовар дар сарпаноҳҳои муваққатӣ ба сар мебаранд ва имкони ҷорӣ шудани чунин селобҳо ҳанӯз аз байн нарафтааст. Нилуфар Бахтиёр-раҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Покистон гуфт, ҳоло бисёре аз хонаводаҳо имкон надоранд, хонаҳои харобшудаи худро таъмир кунанд. Ин селобҳо моҳи июл ҷорӣ шуд ва 18 миллион нафар бе ҷой монданд. 2 ҳазор нафари дигар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG